Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Май 16, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 16 май дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Бар асоси пешгӯии марказ,  имрӯз дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои камабр буда,  дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.   Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона  9-14  ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 0-6 дараҷа  ва рӯзона 9-14  дараҷа гармӣ пешгӯи гардидааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва  дар манотиқи кӯҳӣ  борони шиддатнок дар назар аст. Ҳарорати ҳаво   шабона  20-25  ва рӯзона 27-32 дараҷа хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда,  дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳ  ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо гармии ҳаво  шабона 16-21  ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок шуда,  дар баъзе маврид  борони кӯтоҳмудат дар назар аст. Дар водиҳо шабона 10-15  ва рӯзона 29-34 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, борони кӯтоҳмудат ва раъду барқ мешавад. Гармии ҳаво шабона 10-15  ва рӯзона 32-34  дараҷаро ташкил медиҳад.

Май 16, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд