Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шудааст

Май 25, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 25.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии Тоҷикистон,  имрӯз, 25 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар  назар аст.

Тибқи пешгӯии ин марказ имрӯз   дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои тағйирёбанда шуда,    дар ғарби вилоят ҳаво  шабона  7-12  ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -1+4  дараҷа   ва рӯзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои   тағйирёбанда шуда,     ҳарорати ҳаво   шабона  18-23   ва рӯзона  35-40  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда,  рӯзона дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ  дар назар аст. Дар водиҳо ҳаво  шабона 17-22    ва рӯзона 32-37  дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13-18   ва рӯзона 32-37  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағирёбанда  шуда,  гармии ҳаво шабона 16-18  ва рӯзона 35-37  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

 

Май 25, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид