Имрӯз дастаи «Истиқлол» бо «Хуҷанд» бозӣ мекунад

Май 25, 2017 13:55

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба анҷом мерасад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри  Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 20-21 май се бозии даври ёздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ барпо гардид. Дар як дидор мизбонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ дастаи  «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро пеш аз панҷ дақиқаи хотимаи бозӣ ҳимоятгар Фирдавс Чақалов бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд. Бозии дастаи  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо дастаи меҳмон — «Барқчӣ»-и Ҳисор  бо ҳисоби  мусовии 0:0 поён ёфт.

Дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бозиро бо дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ҳисобро Комрон Турсунов, бозингари меҳмонон дар дақиқаи 46-ум кушод. Пас аз шаш дақиқа Шодибек Ғаффоров ҳисобро баробар намуд.

Бояд зикр кард, ки баъд аз ин бозӣ дар Чемпионати кишвар бинобар бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии дастаи мунтахаби кишвар бо дастаи мунтахаби Филиппин дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 13 июн дар  шаҳри Душанбе баргузор  мегардад, танаффуси якмоҳа эълон шудааст.

 

 

 

Май 25, 2017 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид