Имрӯз–Рӯзи байналмилалии оила: занону модарони мо чӣ ҳуқуқ ва имтиёзҳои иловаи меҳнатӣ доранд?

Май 15, 2017 15:56

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз -Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Таври маълум, занону модарон дар оила нақши  бузург доранд. Бинобарин, «ҲукуматиТоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон  аҳамияти аввалиндараҷа  дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил  додааст», — зикр  намуданд дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон. 

            Бо ин мақсад  дар солҳои  соҳибистиқлолӣ дар кишвар чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб  расиданд, ки  аз ҳуқуқу  манфиатҳои занони кишвар ҳифз менамоянд. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Маҳмадсалим Шарифзода, сардори шуъбаи Хадамоти давлатии  назорат
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ин мавзӯъ  чунин гуфт:

— Қонунгузории ҷории кишвар ба модарон кафолатҳои иловаи меҳнатӣ муқаррар намудааст, вале, мутаассифона, на ҳамаи онҳо ҳуқуқҳои қонунии худро медонанд. Ба модароне, ки ба фаъолияти корӣ машғуланд, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Кодекси меҳнат хеле муҳим  аст. Зеро танҳо дар сурати огаҳӣ метавонанд, ки аз кафолатҳои иловаи меҳнатӣ истифода баранд ва ба поймол гаштани  ҳуқуқҳои худ роҳ  надиҳанд.
Аз ҷумла, мувофиқи талаботи Кодекси меҳнат, корфармо ҳуқуқ надорад, ки  занонро ба сабаби ҳомила будан ё фарзанддорӣ ба кор қабул накунад ва ё музди меҳнаташонро кам намояд. Инчунин занони ҳомила ё модарони кӯдаки то се соладоштаро ба сафарҳои хизматӣфиристонад. Ба ғайр аз ин, қонунгузории соҳаи меҳнат  истифодаи меҳнати занонро дар иҷрои корҳои муайян, аз ҷумла корҳои шабона, зеризаминӣ, вазнин, зарарнок ва борбардорию боркашии дастӣ, изофакорӣ манъ намудааст.
Қонунгузории соҳа муҳлати рухсатиеро, ки ба занони ҳомила то таваллуд ва баъди он дода мешаванд, бе ягон  шарт ба ҳамаи онҳо як хел муқаррар  кардааст. Варақаҳои корношоямӣ, ки аз ҷониби  муассисаи   тиббӣ   дода  мешаванд, асоси пешниҳоди ин рухсатӣ мегарданд.
Дар ҳамаи ҳолатҳои  ҳомиладорӣ  рухсатии  ҳомиладорӣ пеш аз таваллуд 70, баъди таваллуди  муътадил 70, дар ҳолати таваллуди мушкил 86, барои таваллуди ду ва зиёда тифл 110 рӯзи тақвимӣ муқаррар  шудааст. Дар  давраи  рухсатии   зикргардида ба занҳо ба  андозаи пурраи музди меҳнат кумакпулӣ тибқи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пардохта мешавад.
Бо хоҳиши модар барои нигоҳубини  кӯдак то ба якунимсолагии он рухсатӣ дода, барои тамоми ин давра дар ҳаҷми 100% нишондиҳанда барои ҳисобҳо кумакпулӣ медиҳанд. Ҳамзамон модар барои нигоҳубини тифл то сесолагӣ ҳуқуқи истифодаи рухсатии бепули илова дорад.
Падари кӯдак ва дигар хешу табори падару модар ё васие, ки воқеан тифл дар нигоҳубинаш қарор дорад, аз рухсатии пулакӣ барои нигоҳубини кӯдак ҳуқуқи  истифода  дорад. Чунин  ҳуқуқ дар ду ҳолат ҷой дошта метавонад: якум, бо хоҳиши модар, дуюм-берун аз иродаи ӯ (марги зан, касалии дуру дароз ва вазнин, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум гаштан).
Ба занҳое, ки бори нахустин кӯдакдор мешаванд, агар кор накунанд ҳам, тибқи нишондоди қонун ба андозаи се, барои фарзанди дуюм ва сеюм  ба андозаи як нишондиҳанда барои  ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар Кодекси меҳнат барои маконидани кӯдак моддаи махсус вуҷуд дорад. Ба модароне, ки тифли то якунимсола  доранд, ба ғайр аз танаффуси истироҳату тановули ғизо барои маконидани кӯдак вақти илова  дода  мешавад. Танаффус дар ҳар се соат ба муддати на камтар аз сӣ дақиқа пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми ду ва зиёда аз ин доштани кӯдаки то якунимсола муддати  танаффус на камтар аз як соат  мебошад. Ин танаффусҳо ба вақти корӣ ҳисобӣ шуда, музди меҳнат пурра пардохт  мегардад.
Дар Кодекси  меҳнат  омадааст, ки  барои  модарони   дорои   кӯдакони то 14-сола ва  маъюби то 16-сола, аз ҷумла   онҳое низ, ки таҳти  парастории ӯ қарор  доранд, шахсоне, ки аз рӯи   хулосаи   тиббӣ ба аъзои бемори оила нигоҳубин  мекунанд, корфармо вазифадор аст рӯзи нопурраи корӣ муқаррар намояд.
Инчунин ба ин модарон  ҳар сол на камтар аз 14 рӯзи  тақвимӣ  рухсатии бемузди  меҳнат дода  мешавад. Ин намуди рухсатиро модарон  метавонанд  бо рухсатии меҳнатии ҳарсола ё дар  мувофиқа бо  корфармо  пурра ва ё қисм-қисм истифода баранд.
Бо  ташаббуси  корфармо   қатъ намудани  шартнома (қарордоди) меҳнатӣ бо модарони соҳиби кӯдаки то сесола ва модарони танҳо ҳангоми доштани фарзанди  маъюби то 16-сола манъ карда шудааст, ғайр аз ҳолатҳои пурра барҳам хӯрдани ташкилот ё баъди ҳатман ба кор таъмин кардани онҳо.  Бо кор таъмин намудани модаронро вориси ташкилоти  барҳамхӯрда ба уҳда дорад. Агар чунин ворис набошад, мақомоти давлатии шуғли  аҳолӣ дар интихоб ва таъмини кор ба  занон ёрӣ мерасонад. То пайдо намудани ҷойи кор мақоми шуғли аҳолӣ ин занонро бо кумакпулие, ки қонун муқаррар намудааст, таъмин менамояд.
Тибқи талаботи  қонунгузории   ҷумҳурӣ, аз ҷумла    қонунҳо «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавию давлатӣ»  ва Кодекси  меҳнат имрӯз модарон аз як қатор имтиёзҳо бархӯрдоранд. Масалан, ба заноне, ки дар шароити  вазнин меҳнат мекунанд, инчунин ба занҳои сокини ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб имтиёзҳо пешбинӣ  шудаанд.
Қонун ба занҳои ин ноҳия ва занҳои ба корҳои вазнин машғул, занҳое, ки 5 фарзандро тарбия кардаанду 14 сол  собиқаи кор  ва 6 сол собиқаи нигоҳубини кӯдак, дар маҷмӯъ 20 сол собиқаи кор доранд, имкон фароҳам овардааст, ки аз 53-солагӣ нафақаи имтиёзнок гиранд. Инчунин ба модароне, ки худашону фарзандҳояшон дар таъминоти шавҳаранд, пас аз вафоти  ҳамсар барои таъйини нафақа имтиёз доранд.
Нафақа ба ҳар зан аз рӯи ҳисоби музди миёнаи меҳнате, ки шахси фавтида ҳангоми кор мегирифт, дода мешавад. Дар сурати маош нагирифтани шахси фавтида, ба ҳар фарзанди чунин хонаводаҳо то синни 18  50 дар сади ҳадди ақали нафақа, яъне 50 сомонӣ таъйин  мегардад.

Бояд гуфт, ки Кодекси меҳнат ва дигар қонунҳои соҳавии ҳифзи иҷтимоӣ риоя мешаванд. Ташкилоту муассиса ва корхонаю идораҳои давлатӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ ба роҳ  монанд.
Модарони моро зарур аст, ки  барои донистани ҳуқуқҳои худ сатҳи донишу маърифаташонро баланд бардоранд. Истифодаи имтиёзҳои иловаи меҳнатӣ, ки Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба модарон муқаррар кардааст, зери назорати доимии кормандони Хадамот қарор дорад. Дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқҳояшон  метавонанд ба шуъбаҳои Хадамоти  давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

 

Рухсораи НУР

Май 15, 2017 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд