Иштироки Пешвои миллат дар маросими ба истифода додани канали «Водии Данғара» марҳилаи 3

Май 12, 2017 10:21
Водии дангара

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали «Водии Данғара-3»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳадаф аз бунёди иншооти муҳими обрасонӣ баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин беҳтар намудани некуаҳволии сокинони деҳот ва атрофи он мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани канали «Водии Данғара» дар суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид намуданд, ки дурнамои натиҷаҳои ниҳоии марҳилаи сеюми лоиҳа боманфиат мебошад, зеро баъди татбиқи пурраи лоиҳа 1700 гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳосилнокӣ боло хоҳад рафт. Ҳамчунин истифодаи самараноки заминҳои обӣ барои таъсиси зиёда аз 5000 ҷойи корӣ мусоидат менамояд.

Ҳаҷми маблағи Лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара беш аз 33 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 4,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15,8 миллион доллар қарзи Бонки Исломии Рушд ва 13,8 миллион доллар маблағҳои Фонди Кувайт мебошанд.

Фармоишгар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ идораи сохтмони рақами 4 «Душанбесохтмон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Алем Трансстрой»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва машваратчии лоиҳа ширкати Консолидейтид Консалтантси Урдун мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2001 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», ки масоҳати 6000 гектар заминро дарбар мегирад, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Марҳилаи сеюми лоиҳа моҳи майи соли 2013 оғоз гашта, имрӯз ба итмом расид ва масоҳати он 1700 гектарро дарбар мегирад. Канали «Водии Данғара-3» бо дарозии 39 километр ва иқтидори обгузаронии 28 метри мукааб-сония барои обёрӣ намудани заминҳои марҳилаи — 2 ва марҳилаи — 3, инчунин дар оянда обёрӣ намудани заминҳо пешбинӣ шудааст. Лоиҳа дар қисми ғарбу ҷануби Тоҷикистон, қад-қади ҳавзаи дарёи Вахш, массиви Данғара, тақрибан 120 километр аз ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дарозии массив 28 километр буда, бараш 10 километрро ташкил медиҳад.

Мувофиқи нақша оянда дар ин заминҳо дар масоҳати 900 гектар пахта, дар майдони 300 гектар ғалладона, дар 100 гектар сабзавот кишт карда шуда, 100 гектар барои омода кардани хӯроки чорво ва 300 гектар барои бунёди боғ истифода карда мешаванд.

Татбиқи пурраи ин лоиҳа дар маҷмӯъ барои обёрии заминҳои нав, рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона гардидааст.
Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3    12.05.2017

Май 12, 2017 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Рузи чавонон 2017Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
2017-05-23ruzi_javonon_s_0 (1)Суханронии Пешвои миллат дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт
Эмомали Рахмон и Тереза МэйБарқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей
Касри миллатПаёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
33962845334_5c9b52367b_zМулоқотҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчии нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
34419814870_6e867cf3af_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ
34765600286_72cf9ff1d3_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед
33995922413_cc356bf314_zИштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
2017-05-22summit_us_sСуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико
33938245084_504b408e77_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси
Хасан Роухани 3Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ
Э. Рахмон-сомолётСафари кории Пешвои миллат ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ