Ғизои дуруст аз шартҳои асосии доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мебошад

Май 26, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон бегоҳии 26 май ворид мешавад ва аз субҳи 27 май мусулмонон рӯза мегиранд. Қарори мазкур аз тарафи ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, нахустин намози таробеҳ шоми ҷумъа ба шанбе, яъне шаби 26 май баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки намози таробеҳ танҳо дар моҳи Рамазон бо ҷамоа, пеш аз намози хуфтан хонда мешавад.

Мувофиқи суханони Маҳмуд Сангалиев, моҳи Рамазон барои ҳар як мусулмон моҳи муборак ва муътабар мебошад. Рамазон ба нуҳумин моҳи тақвими мусулмонӣ рост меояд ва бинобар мутобиқ будани он ба тақвими моҳтобӣ оғози моҳи Рамазон аз пайдо шудани моҳ дар осмон ҳисоб карда мешавад.

Тавре маълум аст, тақвими моҳтобӣ нисбат ба тақвими григорианӣ 11 рӯз кӯтоҳтар мебошад, аз ҳамин сабаб  ҳар сол моҳи Рамазон нисбат ба соли гузашта 11 рӯз пештар меояд.

Мувофиқи маълумоти ситорашиносон, соли 2017-ум рӯзи аввали рӯзаи моҳи Рамазон ба 27 май рост омада, 30 рӯз – то 25 июн идома меёбад.

Дар баъзе кишварҳои  мусулмонӣ рӯзи аввали моҳи Рамазон тибқи рӯзу шаб ҳисобкунии ситорашиносон муайян карда мешавад, аммо дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин муайян кардани оғози моҳи Рамазон бевосита дар заминаи мушоҳидаҳо аз болои давр задани моҳ  ё бар асоси шаҳодати рӯҳониёни муътабар гирифта мешавад. Ислом истифодаи ҳар ду имкониятро иҷозат додааст, бинобар ҳамин имкон дорад, ки оғози рӯзи нахустини иди мусулмонон дар кишварҳои мухталиф аз ҳамдигар фарқ дошта бошад.

Тавре М.Сангалиев изҳор кард, барои рӯза доштан, иҷрои амалҳои неку созанда, гирифтани донишҳои зарурӣ, бадани инсон бояд сиҳат, боқувват, ба мушкилиҳо тобовар бошад ва худи шахс ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман барои доштани рӯзаи моҳи Рамазон ва тоб овардан ба эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагӣ омода бошад. Аз ҳамин сабаб, ба шахсоне, ки бемор ҳастанд ё шуғли вазнин доранд, дар сафар ҳастанд, ба ҷанговароне, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунанд ва ба занони ҳомила ва дорои кӯдакони ширмак иҷозат дода мешавад, ки рӯза нагиранд. Ҷоиз набудани рӯза ба ин шахсони зикргардида дар Қуръон омадааст.

Ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» табиби оилавӣ Шоимгул Сабурова, суханони мутахассиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ М.Сангалиевро тақвият дода, зикр кард, ки бисёр ҳолатҳое шудааст, ки одамони зиёд мушкилоту талаботи доштани рӯзаро дарк накарда ва баъзан нофаҳмида, худро гирифтори беморӣ мекунанд ва дар натиҷа рӯза дошта наметавонанд. Дар бештар ҳолатҳо на заиф будани саломатӣ, балки нодуруст истеъмол кардан сабаби дар моҳи Рамазон бемор шудани одамон мегардад. Инчунин дар ҳавои гарм риоя накардан ба тозагӣ низ боиси гирифтор шудан ба бемориҳо мегардад. Мавриди зикр аст, ки имсол моҳи Рамазон ба гармтарин рӯзҳои сол рост омадааст.

«Ғизои дуруст – яке аз шартҳои муҳими гирифтани рӯзаи моҳи Рамазон мебошад. Давоми моҳи Рамазон риоя кардани се шарти асосӣ ҳатмӣ мебошад ва дар ин ҳолат гирифтани рӯза ба шумо ба осонӣ муяссар мегардад. Шарти асосӣ ҳам барои рӯзадорон ва ҳам барои рӯзахӯрон- ин роҳ надодан ба пурхӯрӣ ва аз меъёр зиёд пур накардани меъда мебошад», — таъкид намуд Ш. Сабурова.

Шарти дуюм- интихоби дурусти анвои хӯрокӣ дар вақти ифтор ва вақти саҳархӯрӣ мебошад. Пас аз муддати дарози гуруснагӣ шахс набояд фавран ба хӯрдани хӯрок сар кунад. Истеъмоли се дона хурмо ва ё  каме об баъд аз гуруснагии рӯзона басанда аст, то меъдаи шахс ба истеъмол омода гардад ва фаъолияти муқаррарии худро барқарор созад. Якбора хӯрдани хӯроки бисёр на танҳо ба кори меъдаву рӯдаҳо халал мерасонад, балки ба ҳолати умумии саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бадани одам мисли дигар организмҳо ба худ талаботи хос дорад, ки он бояд риоя карда шавад.

Маҳсулоти хӯрокие, ки сафеда дорад, суръати ҷараёни ҳазми хӯрокро суст нигоҳ медорад, бинобар ҳамин эҳсоси сер будан то чанд муддат боқӣ мемонад. Ҳангоми интихоби хӯрок беҳтар аст, ки аз хӯрокҳои серравған ва ҳамчунин аз ширинии аз ҳад зиёд даст кашем.

Тавре табиби оилавӣ Ш.Сабурова изҳор кард, дар аввал шахс бояд хӯроки обдор, аз ҷумла шӯрбо, шарбат ва ё шир тановул кунад. Ин хӯрокҳо холигии меъдаро пур карда, эҳсоси гуруснагиро бартараф мекунанд.

Ҳангоми омода кардани хӯрок аз бирён кардани маҳсулот даст кашидан беҳтар аст. Ба ивази бирён кардани маҳсулот мебояд он обпаз ва ё дар буғ пухта шавад.

Табиби оилавӣ тавсия медиҳад, ки дар вақти субҳона хӯрокҳои аз маҳсулоти ширӣ ва ё сабзавот тайёркардашуда (шир, панир, қаймоқ, маска) тановул карда шаванд. «Хӯрокҳои шӯр набояд истеъмол карда шаванд, инчунин истеъмоли чой ва қаҳва низ маҳдуд карда шавад, то ин ки талабот ба нӯшидани об зиёд нагардад», — таъкид кард табиб.

Шарти сеюм ва аз ҳама асосӣ- тибқи меъёр нӯшидани оби нӯшокӣ мебошад. Меъёри миёнаи нӯшидани моеъ барои ҳар як зан дар як рӯз 2,7 литр ва барои ҳар як мард 3,7 литр муайян шудааст. Беҳтар аст, ки чойи сабз ва ё оби ҷӯшида истеъмол карда шавад, кӯшиш кунед, ки аз нӯшидани обҳои газдор, сард ва ширин худдорӣ кунед.

Кормандони тиб ба мардон тавсия медиҳанд, ки гарданбанд ва тасмаҳои таранг ба бар накунанд, бештар дар дохили бино бошанд ва ҳамеша бо оби хунук оббозӣ кунанд.

Шахси рӯзадор аз субҳи содиқ то намози шом худро аз хӯрдан, нӯшидан, ҷимоъ кардан, истеъмоли носу тамоку нигоҳ медорад. Ҳамчунин забони худро аз гуфтани ҳарфи баду носазо бояд нигоҳ дошта, танҳо дар фикри анҷом додани амали хайру савоб бошад. Бо фурӯ рафтани офтоб рӯзадор ифтор мекунад

Тавре муфтии мусулмонони Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода зикр кард, дар моҳи шарифи Рамазон мусулмонон бояд садақа ва закоти мол диҳанд. Садақа танҳо аз додани маблағи пулӣ иборат нест. Ба ҷо овардани амали неку созанда, расонидани кумак ба шахси муҳтоҷу дармонда низ садақа ҳисобида мешавад. Ин садақа ба номи Худо карда шуда, шахс набояд ба ивази он аз шахси муҳтоҷи садақа тамаъ дошта бошад.

Имсол ҳаҷми пардохти закоти мол 575 сомонӣ муқаррар шудааст, ҳар нафаре, ки дороиаш на камтар аз 22 ҳазору 950 сомонӣ аст, бояд закоти онро диҳад.

Ҳаҷми фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳаҷми фитри рӯзаро аз нархи ду кило гандум таъйин кардааст.

Онҳое, ки бо сабабҳои узрнок рӯза гирифта наметавонанд, бояд ба муҳтоҷон 300 сомонӣ диҳанд, яъне барои ҳар як рӯзи моҳи Рамазон ба андозаи 10 сомонӣ ҷуброн медиҳанд.

Моҳи шарифи Рамазон бо иди Рамазон – Иди фитр ба анҷом мерасад.

 

Май 26, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид