Кормандони бонкҳои тиҷоратӣ бо таҷрибаи маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар Олмон шинос гардиданд

Май 22, 2017 11:04

ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.     Кормандони  бонкҳои тиҷоратӣ, ки бевосита дар самти маблағгузории соҳаи кишоварзӣ кор мебаранд, бо таҷрибаи маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар Олмон шинос гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шиносоӣ дар доираи лоиҳаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Олмон) дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва омӯзиши дугона (дуалӣ) зимни  машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.

Ҳадафи омӯзиши чоррӯза омӯзиши тарзи таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, таҳлили ҳисоботдиҳии молиявӣ ва хавфи эҳтимолии соҳаи кишоварзӣ буд.  Барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Олмон) коршиноси соҳа — машваратчӣ оид ба мизоҷони корпоративии Хазинаи амонатии шаҳри Ултсени Олмон Артур Клаузер даъват шуд. Мавсуф ба намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ дар мисоли амалияи қарздиҳӣ барои харидории таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ ва рушди соҳаи паррандапарварӣ барномаву маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд.

 

 

 

 

Май 22, 2017 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд