«Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб хизмати ройгони тиббӣ мерасонад

Май 13, 2017 12:05

ДУШАНБЕ, 13.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба мардуми маҳаллӣ ва ноҳияҳои атрофии он хизмати ройгони тиббӣ мерасонад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар доираи сафари «Корвони саломатӣ» беш аз 65 нафар мутахассисони баландпояи  соҳаи тиб, устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, сармутахассисони соҳа, устодони Донишгоҳи баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, директорону мутахассисони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ  ба мардуми маҳаллӣ хизмат мерасонанд.

Инчунин дар баробари маслиҳату машварат  аҳолӣ аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад  мошинҳои  сайёри флюорографӣ, ташхиси ҷузъҳои хун, ташхиси ВНМО, ташхиси бемориҳои сироятӣ сафарбар карда шудаанд.

Ҳамчунин мутахассисони  муассисаҳои марказӣ дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, сабти барқии кори дил, ташхиси гастроскопӣ, офталмологӣ,  гӯшу гулӯ ва бинӣ ва дигар асбобҳои заруриро бо худ доранд.

Бояд зикр намуд, ки табобат асосан дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Ҳақназаров ва Маркази саломатии рақами 2 шаҳри Кӯлоб сурат мегирад.

 

Май 13, 2017 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид