Котиби генералии СММ аз таъсис додани минтақаҳои бехавф дар Сурия дастгирӣ кард

Май 5, 2017 12:18

Хабарҳои мавзӯъ

ООН

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш аз тафоҳуми ҷонибҳо барои таъсис додани минтақаҳои бехавф дар Сурия ва ба имзо расидани Созишнома оид ба минтақаҳои амн, ки дирӯз дар Остона сурат гирифт, рӯҳбаланд гардида, беҳтар шудани вазъи воқеии сокинони Сурияро аз ҳадафҳои муҳими ин Созишнома мешуморад. Дар ин бора агентии ТАСС бо такя ба намояндаи расмии котиби генералии СММ Стефан Дюжаррик иттилоъ додааст.
«Хеле муҳим аст, ки ин Созишнома воқеан ҳам ба беҳтар шудани вазъи зиндагии сокинони Сурия бурда расонад. Котиби генералӣ аз уҳдадории ҷонибҳо оид ба манъ кардани истифодаи ҳама гуна силоҳ, хусусан ҳавопаймоҳои ҷангӣ, пешниҳод намудани таъминоти башардӯстона, муҳайё намудани шароит барои расонидани дорувориҳо ва дигар молҳои мавриди ниёзи мардуми осоишта гарм истиқбол намуд», — омадааст дар изҳороти расмии Стефан Дюжаррик.
Дар баробари ин, Котиби генералии СММ таъкид намудааст, ки таъсис додани минтақаҳои бехавф на бояд ба ҳуқуқи одамон барои ҷустуҷӯ ва пайдо намудани паноҳгоҳ дар дигар кишварҳо таъсири манфӣ расонад.
Тибқи суханони Стефан Дюжаррик, СММ дар доираи қарори Шӯрои амният ба кӯшишҳо барои таъсис додани минтақаҳои бехавф дар Сурия кумак расонида, ҳамчунин дар гуфтушунидҳои Остона оид ба табодули асирони ҳарбӣ ва аз минаҳо тоза кардани минтақаҳои аҳолинишин мусоидат менамояд.
Хотиррасон бояд шуд, ки дирӯз дар Остона оид ба таъсис додани чор минтақаи бехавф дар ҳудуди Сурия аз ҷониби кишварҳои Россия, Туркия ва Эрон Созшнома ба имзо расонида шуд.
Мувофиқи суханони намояндаи махсуси президенти Россия оид ба қазияи Сурия Александр Лаврентев дар назар дошта шудааст, ки шурӯъ аз пагоҳ, 6 май дар минтақаҳои бехавф истифодаи ҳама гуна силоҳ манъ карда мешавад.

Май 5, 2017 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд