Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон

Май 25, 2017 14:57

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳаи «Кумаки техникӣ барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард.

Тавре аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи дастгирии рушди инсонӣ II татбиқ мегардад.

Муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода дар бораи афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ислоҳоти татбиқшаванда, натиҷаҳо ва қадамҳои минбаъда барои рушди соҳа маълумот дода, ҳамзамон аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор барои дастгирӣ ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи муваффақонаи ислоҳоти соҳа даъват ба амал овард.

Роҳбари Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо  «Кумаки техникӣ барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» мақсадҳои асосӣ, вазифаҳо ва натиҷаҳои пешбининамудаи лоиҳаи мазкурро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Бояд гуфт, ки лоиҳа муддати се сол фаъолият намуда   (аз январи соли 2017 то январи соли 2020), ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ, дурнамои актуарӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандон кумак менамояд.

 

Май 25, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд