Лигаи Мамлакатҳои Араб аз паҳншавии босуръати вабо дар Яман ва марги даҳҳо нафар аз ин беморӣ нигаронии амиқ дорад

Май 10, 2017 14:45

Хабарҳои мавзӯъ

Liga-arabskih-gosudarstv

ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи Мамлакатҳои Араб (ЛМА) аз паҳншавии босуръати вабо ва марги даҳҳо нафар одамон аз ин бемории сироятӣ нигаронии амиқ дорад, —  иттилоъ медиҳад агентии ТАСС бо такя ба изҳороти махсуси созмони Лигаи Мамлакатҳои Араб, ки дар шаҳри Қоҳираи Миср паҳн шудааст.

Котиби генералии Лигаи Мамлакатҳои Араб Абу ал-Гейт изҳор кардааст: «Дар шароите, ки сохтор ва мақомоти ҳифзи сиҳатии Яман пурра аз байн рафтааст, ин кишвар ба фалокати воқеии гуманитарӣ гирифтор хоҳад шуд». Номбурда дар изҳороти расмӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки ба таври оҷилӣ, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба кишвари Яман кумакҳо расонда шаванд ва аз мамлакатҳое, ки дар конфронси байналмилалии Женева ҳафтаи гузашта изҳор карда буданд, ки омодаанд ба Яман кумаки молиявии фаврӣ расонанд, хоҳиш намудааст, ки уҳдадориҳои ба зиммаи худ гирифтаашонро иҷро кунанд.

Тибқи иттилои созмонҳои хайриявие, ки дар Яман фаъолият мекунанд, дар калонтарин шаҳри ин кишвар-  Сано ва ноҳияҳои атрофи он ҳоло зиёда аз 2 ҳазор ҳодисаи гирифтор шудани одамон ба бемории вабо ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар давоми чанд рӯзи охир 30 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз моҳи августи соли 2014 дар Яман муқобилиятҳои мусаллаҳона миёни неруҳои ҳукуматӣ ва мухолифин идома доранд. Мувофиқи маълумоти СММ, ҳоло 19 млн. аҳолии Яман муҳтоҷ ба кумакҳои гуманитарӣ ҳастанд, ки ин шумора аз се як ҳиссаи аҳолии Яманро ташкил мекунад.

Иттилоъ дода мешавад, ки 7,3 млн. аҳолии Яман аз нарасидани хӯрокворӣ азоб мекашанд.

 

Май 10, 2017 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд