«Лоиқ ва ҷавонон»-маҳфил дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба хотираи шоири шаҳири тоҷик

Май 19, 2017 11:33

ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ ба зодрӯзи  шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ 76 сол пур мешавад.  Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ ба иншои шеър машғул буд. Лоиқ Шералӣ нобиғаи адабиёти тоҷики садаи бист ба шумор меравад. Ӯ шоирест, ки шеъри гузашта, имрӯза ва ояндаро бо ҳам пайванд додааст. Аз устод Лоиқ шеъру ғазал ва рубоиву дубайтиҳои зиёд боқӣ мондаанд.

Бо мақсади ёдкарди шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Лоиқ ва ҷавонон» маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор шуд.

Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, Маҳмадулло Раҷабзода, ректори донишкада доир ба нақши Лоиқ дар адабиёти муосир ёдовар шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017-ро  иқдоми  нек донист.

Шоираи шинохта  Шаҳрияи Аҳтамзод доир ба ҷойгоҳи шеъри Лоиқ дар адабиёт  сухан карда, зикр намуд, ки   солҳои 70-уми асри гузашта бо омадани устод Лоиқ   фазои адабиёти тоҷик хеле рангину зебо ва дилошӯб  гардид.

Шоира аз суҳбатҳои худ  бо устод Лоиқ хотираҳояшро  ёдовар шуд.

Дар маҳфил   донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик аз ашъори Лоиқ шеърҳоро дар мавзӯи Модар, Ватан, Тоҷикистон  қироат намуданд.

 «Лоиқ ва ҷавонон»-маҳфил дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

 

 

Май 19, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт