Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба барномаҳои фарҳангӣ даъват менамояд

Май 12, 2017 10:19

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи барномаҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ  рӯзҳои истироҳат дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт, аз ҷумла  муассисаҳои давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём», «Рӯдакӣ», боғҳои  «Ирам», «Нишони миллӣ», «Парчами миллӣ» ва «Дӯстии халқҳо» -и шаҳр  барномаҳои фарҳангиву  фароғатӣ   баргузор  гардида истодаанд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода,  зикр  намуданд, ки  Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин барномаҳои фарҳангӣ вазифадор гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал меорад, ки барои бофароғат гузаронидани рӯзҳои истироҳатӣ ба макони баргузории   барномаҳои фарҳангӣ биёянд.

Бог----2 (2)

Хотиррасон менамоем, ки ҳамчунин  бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар Майдони «800-солагии Москва» аз 29 апрели соли равон, аз соати 18:30 то 20:00  барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ  ҷараён дошта, то 24 июни соли 2017 идома меёбанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра Ансамбли давлатии «Сомон», Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола», Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ, дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои рангини консертӣ хотири ҳаводорони санъати мусиқиро шод мегардонанд.

Бог----2 (1)

 

 

Май 12, 2017 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст