Маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳоли анҷомёбист

Май 10, 2017 17:40

ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми беш аз як моҳи ҷараёни маъракаи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷавонон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд. То имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон   ин маърака 87 дарсад иҷро шудааст.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Тавре аз   Комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд,  то имрӯз аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи пешбинишударо шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Н. Хусрав, Ш. Шоҳин, Балҷувон ва Муъминобод пурра ба анҷом расониданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки масъулини шаҳру ноҳияҳои боқимонда низ кӯшиш доранд ин маъракаро рӯзҳои наздик ба анҷом расонанд.

Май 10, 2017 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид