Масъулини шаҳри Душанбе: «Барои бо нархи дастрас таъмин намудани сокинони шаҳр бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон шароит фароҳам оварда шудааст»

Май 25, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ Ховар/. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми имкониятҳои мавҷударо  истифода мебарад, то  дар  моҳи шарифи Рамазон нархро дар бозорҳои пойтахт  танзим намуда,  шароит фароҳам оваранд, то  сокинони  шаҳр   маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла  орду равған, гӯшту шир ва меваю сабзавот ва ғайраҳоро бо нархҳои арзон дастрас намоянд»,-гуфт муовини  Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр  Назирмадзода имрӯз зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО  дар КВД «Бозори деҳқон».

Бахтиёр  Назирмадзода зикр кард, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  аз 19 майи соли равон «Дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон» шурӯъ аз имрӯз  масъулони корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти  ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои «Деҳқон», «Саховат» ва «Шоҳмансур»  барои сохторҳои марбутаи Агентии захираҳои моддии давлатӣ,  Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  ва соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввал шароит фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намуданд.

Ҳамчунин роҳбарону масъулони Раёсати  иқтисоду савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бозорҳои коммуналӣ ва сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе  дар назди бозорҳо ва нуқтаҳои алоҳида ташкили ярмарка ва фурӯши маҳсулоти гӯштиро аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмин намуда истодаанд.

«Ҳамчунин раисони ноҳияҳо ва Раёсати  иқтисоду савдои шаҳр дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ  ва «Тоҷикматлубот» барои  рӯзҳои шанбею якшанбе ташкил намудани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар таваққуфгоҳи назди бозори «Меҳргон» (барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ташкилоту корхонаҳои вилояти Суғд,  Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва  «Тоҷикматлубот»),  майдончаи  назди  бозори «Қарияи Боло» (барои  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Агентии  захираҳои моддии давлатӣ  ва «Тоҷикматлубот»), кӯчаи Ҳусейнзода 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон) ва боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» (барои вилояти Хатлон, Агентии  захираҳои моддии давлатӣ  ва «Тоҷикматлубот»)  вазифадор гардидаанд», — афзуд Б.Назирмадзода.
Сипас намояндагони ВАО   бо мақсади шиносоӣ бо  вазъи нархҳо      ҷараёни  савдоро    дар КВД «Бозори деҳқон»   ба мушоҳида гирифтанд.

20170525_125823Муовини директори «Бозори деҳқон»   Мастон Шарипов изҳор дошт, ки дар бозори мазкур дар муқоиса ба соли пешин нархҳои   маҳсулоти мавриди ниёзи аввал   чандон  боло нарафтаанд. Масалан, агар  дар ҳамин давраи соли 2016  як халта орди навъи якум  152 сомонӣ арзиш дошт, имсол нархи он 160 сомонӣ,   гӯшт- 31-32 сомонӣ буд, имсол 36 сомонӣ, шакар — 6,60 сомонӣ буд,  имсол  7 сомонӣ нарх доранд, 1 дона  тухм  соли 2016 62 дирам нарх дошт ва имсол  нархи он  70 дирамро ташкил медиҳад.

«Дар нархи баъзе  аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешин ҳатто поёнравии нархҳо ҳам ба мушоҳида  мерасад.  Масалан, соли гузашта дар ҳамин моҳ  1 кг бодиринг   2-2,5 сомонӣ фурӯхта мешуд, нархи фурӯши он имрӯз аз 1 то 1,5 сомонӣ мебошад. Агар дар ҳамин моҳи   соли 2016 нархи помидор  6 сомониро ташкил медод, имсол аз 2,5 то  4,5 сомонӣ  фурӯхта мешавад. Чунин мисолҳоро хеле зиёд  овардан мумкин аст. Ба ғайр аз картошка, ки дар муқоиса ба соли пешин нархаш каме  боло рафтааст, дар нархи пиёзу карам,   сабзию булғорӣ, лимону  себ  низ арзоншавӣ ба мушоҳида мерасад»,- афзуд М.Шарипов.

Директори «Бозори Саховат» Лайло Сангинова изҳор дошт, ки чанд гӯшаи бозори мазкурро  барои гузаронидани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  ҷудо кардаанд, ки тибқи қарордод  худи   кишоварзон  маҳсулоташонро ба ин ҷо оварда мефурӯшанд. Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр онҳо аз пардохти  маблағҳои яквақта озод гардидаанд, ки ин, албатта, ба арзон гардидани нархи маҳсулот боис мегардад.

«Ба ғайр аз ин бо  тоҷирону соҳибкорон  корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем, то  аз ин маврид, яъне  талаботи зиёди сокинон ба маҳсулоти хӯрокӣ дар моҳи шарифи Рамазон истифода набурда,   бе ягон асос нархро боло набаранд. Тариқи  радиои бозор дар бораи  моҳи раҳмату мағфират, файзу баракат, савоб, лутфу эҳсон ва хайру саховат  будани  моҳи шарифи Рамазон  гуфторҳо пахш менамоем»,- афзуд Л.Сангинова.

Дар  КВД «Бозори Шоҳмансур» ва дигар бозорҳои хусусии  пойтахт низ корҳои омодагӣ  бахшида  ба моҳи шарифи Рамазон  бомаром идома доранд.

 

                                                                                        Рухсораи НУР

  

Май 25, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад