Мавҷудияти ҷаҳолату таассуб метавонад боиси изтироб ва таҳдиди хатар бошад. Роҳи раҳоӣ аз он кадом аст?

Май 5, 2017 17:01

«Ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣсуиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрўзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозандки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити кунунӣ мо амалан шоҳиди бархӯрди шадиди раванди ҷаҳонишавӣ ва ҷараёни эҳёи арзишҳои миллӣ шуда истодаем, ки ин маҷро аз тамоми унсурҳои тамаддун истифода карда, ба ҷуз аз манфиатҳои хеш дигар ҳамаро сарфи назар мекунад. Табиист, ки дар ин арса зуҳур ва истифодаи  ҳар гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ҷаҳолату таассуб, ки монеи пешрафту устувории давлатҳои миллӣ мегарданд, дар татбиқи ҳадафҳои муғризонаи гурўҳҳои манфиатхоҳ ҳамчун восита хизмат менамоянд.

Аз қадимулайём афроди огоҳи ҷомеаҳои мухталиф бо муқовимат алайҳи чунин зуҳуроти нанговар кўшиш намудаанд, то ҷомеаро аз асорати ҷаҳолат раҳоӣ бахшанд. Агар ба «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» назар афканем, маълум мегардад, ки калимаи «ҷаҳолат» ҳамчун нодонӣ, бехабарӣ ва ғафлат маънидод шудааст. Дар ин росто, калимаи «ҷаҳолатпараст» низ қобили таваҷҷуҳ аст, ки ба ҳайси «мутаассиб», «ҷоҳил», «маърифатбезор», «душмани фарҳанг» ва «иртиҷопараст» маънидод шудааст.

Калимаи «таассуб» дар Фарҳанги зикршуда бо се маънӣ- тарафдорӣ ё душмании бисёр нисбат ба шахсе, ҳимоят ва ҷонибдорӣ, орият (аз чизе), тарафдорӣ аз ақоиди динӣ ва маросими кӯҳнаи миллӣ, фанатизм ва кинаҷўӣ шарҳ дода шудааст:

Аммо дар «Фарҳанги луғавии исломӣ» истилоҳи «таассуб» ҳамчун пайравии ашаддӣ ба эътиқоди муайян ва аслан қабул надоштани андешаи ҷониби дигар (ҳарчанд он ҳақ бошад ҳам) тавзеҳ ёфта, он ба ислом бегона шуморида мешавад

Тавре маълум гашт, истилоҳҳои «ҷаҳолат» ва «таассуб» дар ҳар тобиши маъноӣ унсури манфиро касб карда, ба раванди муътадили рушди ҷомеа халал ворид менамоянд.

Воқеияти ноҳамвори зиндагӣ ва таърихи халқҳо гувоҳи он аст, ки ҷаҳолату таассуб дар баҳогузории вазъият мувофиқи тасаввуроти иддае дар бораи олам бе назардошти воқеияти атроф, дар зоҳир намудани якравӣ дар баъзе масъалаҳое, ки ба хирад, мантиқ ва ҳатто сарчашмаҳои динӣ мухолиф мебошанд, инчунин дар надоштани майл ба қабули ҳақиқат аз рўи хурофот ифода меёбад. Инсоне, ки ба доми ҷаҳолату таассуб гирифтор мегардад, дигар имконияти аз рўи хиради солим роҳандозӣ намудани ҳаракатҳои худро аз даст медиҳад. Чунин шахс воқеияти ҷаҳони имрўзро қабул карда наметавонад ва ҳар касе, ки бо ў ва андешаи ў розӣ нест, ӯро чун мухолифи ашаддии худ мепиндорад. Чунончи зикр намудем, ҷаҳолату таассуб зуҳуроти кўҳна буда, инсониятро аз қадим пайгирӣ менамоянд ва воситаи мубориза бо он ҳамеша ақлу хиради созанда ва илму дониш будааст.

Таассуби кўр-кўронаи гурӯҳе аз аҳли ҷомеаи кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла, Либия, Сурия, Ироқ, Яман ва амсоли онҳо боис гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти қудратҳо ва гурўҳҳои манфиатдор бо истифода аз аҳкоми дин марзу буми осоиштаи онҳо гирифтори буҳрони ҷиддӣ гардад ва онҳо теша ба решаи таъриху фарҳанги куҳани хеш зананд. Ин ҳолат ба он оварда расонд, ки мардуми кишварҳои зикршуда аз ҳувияти миллии худ торафт дур мешаванд ва тақдири ояндаи худро ба дасти хоҷагони пасипардагӣ супоридаанд. Бар замми ин, мероси миллии гузаштагонашонро бо дасти худ хароб менамоянд. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат ба ин тақлид бод.

Хоса, тақлиди чунин беҳосилон,

Обрўро рехтанд аз баҳри нон.

Дар ҷаҳони муосир нишонаҳои таассуби динӣ тақрибан дар ҳамаи ҷомеаҳо дар шаклҳои мухталиф ба назар мерасанд. Махсусан, дар ҳоли ҳозир ин зуҳурот дар фаъолиятҳои гуногуни баъзе аз шаҳрвандони кишвари мо, махсусан қишри ҷавонон нигаронии кулли ҷомеаи суннатии моро ба бор овардааст. Албатта, дар масъалаи он ки пас аз касби истиқлоли давлатӣ гурўҳҳои мухталифи мутаассибу авомфиреб бо суиистифода аз нодонии иддае аз мардум аҳкоми динро барои худ восита қарор дода, хуни ҳазорон нафарро рехтаву манзилу маконҳои ободи ватанамонро валангор намуданд, ҷои сухан гуфтан нест. Зеро дар ин бора борҳо гуфтанду навиштанд ва таърих ҳамчун бузургтарин довар собит сохтааст, ки пеша кардани роҳи таассубу ҷаҳолат ҳамеша ба фанои давлату миллатҳо оварда мерасонад ва чунин зуҳурот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста маҳкум мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро ҳанўз соли 2000 таъкид карда буданд: «Ҳаёт собит сохт, ки халқҳои ҷаҳон на таассуби динӣ ва экстремизм ва на ягон навъи дигари идеологияи тундравро қабул намекунанд».

Ба таври яқин, омилҳои густариши таассуби динӣ дар байни ҷавонон мухталиф арзёбӣ мегарданд, вале бо вуҷуди ин, мавҷудияти ҷаҳолату таассуб худ метавонад боиси изтироб ва таҳдиди хатар бошад. Мо шоҳиди онем, ки пайравони ақидаҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаҳолат ва таассуби динии худро, ки ба авҷи ифрот расидааст, нишон медиҳанд. Чунин шахсон чунон ба ҷаҳолат ғўта задаанд, ки ҳатто бузургони миллати худро ба куфру иртидод (муртад будан) гунаҳкор намуда, осори онҳоро ғайримақбул меҳисобанд. Зеро онҳое, ки имрўз гирифтори ҷаҳолату таассуби динӣ гардида, осори нобиғаҳои илму адабиёти моро инкор менамоянд, дарк намекунанд, ки маҳз шинохти дурусти арзишҳои миллӣ боиси шинохти бештари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибтамаддун ва миллати баркамол мегардад. Ифротиҳо дар ҳоле аз тариқи шабакаҳои интернетӣ аҳли адаби моро маломат мекунанду аз осори безаволи онҳо рўй мегардонанд, ки дар нуқтаҳои гуногуни олам осори гузаштагони мо аз зумраи серхонандатаринҳо эътироф шуда, дар соҳаҳои мухталиф фаровон истифода мешаванд. Мутаассифона, таърих исбот намуд, ки агар ҷаҳони Ғарб аз осори мутафаккирони гузаштаи мо илму дониш гирифта, барои пешрафти ҷомеаи худ истифода намуда бошад, баъзеи мо дар бештари ҳолат «оби дари хона хира» ангоштаву аз сабаби бо дидаи таассубу ҷаҳолат нигаристан ба ин осори гаронбаҳо аз он танҳо ҷаҳлу нодонӣ бардоштем. Масалан, шоир, файласуф, нависанда, сиёсатмадор ва мутафаккири машҳури олмонӣ Иоганн Волфганг Гёте миёни таълифоти худ як асари муҳим – «Девони шарқӣ» дорад, ки ин асар на танҳо яке аз олитарин асарҳои шеърии ўст, балки аз бузургтарин осори адабии Олмон ва кулли Аврупо маҳсуб мешавад. Худи Гёте эътироф менамояд, ки ин асарашро дар натиҷаи мутолиаи девони ашъори Ҳофизи Шерозӣ таълиф кардааст. Тавре ки мегўяд: «Эй Ҳофиз! Орзуи ман ин аст, ки муриде аз муридони ту бошам, зеро хешро бо ту баробар ниҳодан ҷуз нишони девонагӣ нест».

Аврупоиён тавонистанд аз дастовардҳои беназири Машриқзамин истифода намуда, дар заминаи муборизаҳои беамон байни калисову ҳокимияти давлатӣ илму фарҳангро аз асорати дин раҳоӣ бахшанд ва ба пешравиҳои қобили мулоҳиза соҳиб гарданд. Мутаассифона, дар Шарқ, аз ҷумла дар ҷомеаи мо ҳоло ҳам мушкилии дар чанголи дин нигоҳ доштани илму фарҳанг аз ҷониби иддае боқӣ мондааст. Чунончи дар ин маврид профессор А. Холиқзода менависад: «Аксуламал ба таассуби диниро Шарқ пайдо нанамуд, зеро ҷой ва мавқеи таассуби динии Шарқро пас аз ҳар салтанат салтанати дигар ва ё ғосибони саҳро­нишину кўчманчӣ иваз намуданд… ».

Дар масъалаи мавҷудияти таассуби динӣ дар тафаккури иддае аз ҷавонон сухан ронда, наметавон паҳлуи дигари он, яъне боқӣ мондани андешаҳои динситезӣ дар замири бархе аз калонсолонро сарфи назар намуд. Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С. Фаттоҳзода дар иртибот ба ҷонибдорони ақоиди атеизми ҷанговар дар мақолааш «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!.. » зикр намудааст, ки «ин гурўҳҳо баръакс дину мазҳабро иллати асосии ақибмонии ҷомеа талаққӣ намуда, муқобили ҳама гуна таълимоти динӣ қарор доранд».

Дарвоқеъ, ин раванд маҳсули кори ҳамон мутаассибони динист, ки дар асл бар зарари ислом амал намуда, ба исломи сулҳпарвару таҳаммулгаро доғ меоранд. Тавре Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Солҳои охир иддае аз гурўҳҳои манфиатҷў бо истифода аз эҳсосоти диниву мазҳабии мардум ва махсусан мусулмонон ба қавли машҳур «обро лой карда, моҳӣ мегиранд». Ба он нигоҳ накарда, ки дини мубини ислом бо таълимоти саршор аз некиву накӯкорӣ ва ахлоқи ҳасана зуҳур намуда, ҳама гуна аъмоли зиштро мавриди накўҳиш қарор медиҳад, равияву ҷараёнҳои алоҳида ҳадафу мақсадҳои худро бо ниқоби ислом пўшиш медиҳанд ва оёти қуръониву аҳодиси набавӣ (махсусан чанд ояти аввали сураи «Тавба»-и Қуръони карим) – ро мутобиқ ба талабот ва манфиати хеш шарҳу тафсир мекунанд. Чунин омилҳо боис мегарданд, ки дар як қатор кишварҳо дар симои ислом дини харобиовар тасаввур шавад. Дар тўли қарнҳо тамаддуни исломӣ ҳамеша ба фарҳанги миллии мо ба таври мусбат таъсиргузор ва гоҳе ҳам таъсирпазир будааст. Чунончи академик Кароматулло Олимов таъкид намудаанд: «Ҳарчанд дар давоми чордаҳ асри мавҷудияти ислом зиддиятҳо ва ҷангу ҷидолҳои зиёде зери шиори ислом ва мазҳабҳои он сурат гирифтаанд ва имрўз низ баъзе равияҳои сиёсии тундгароёна таҳти шиорҳои исломӣ фаъолият доранд, боз ҳам моҳияти сулҳҷўёна ва таҳаммулпазиронаи таълимоти мутафаккирони исломӣ қобили инкор намебошад».

Ҷонибдорони ақоиди атеизми ҷанговар на танҳо муқобили дини ислом, балки дигар динҳо низ мебошанд, ки дар муносибати манфии онҳо нисбат ба кулли дастовардҳои марбут ба дин соҳибшудаи инсоният зоҳир мегардад. Аз ҷумла, чунин ашхос дар Тоҷикистон ҳам мероси гаронбаҳои мутафаккирони исломӣ ва ҳам дастовардҳои давраи тоисломии замони куҳанро инкор намуда, бузургтарин шиори қаблазисломии тоҷикон «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек»-ро низ зери шубҳа қарор медиҳанд. Дар ин робита, Пешвои миллат соли 2013 дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа чунин таъкид намуда буданд: «То замони интишори ислом гузаштагони халқи тоҷик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину оини бостонӣ ва соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрўз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ аз рўи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати бутлон кашем ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем».

Ноогоҳӣ аз асли ҳикмати як қатор арзишҳои либералӣ, тақлиди кўр-кўрона ба фарҳанги бегона, инкори арзишҳои суннатӣ, таъриху фарҳанги миллӣ, ахлоқу маънавиёт ва расму оини аҷдодӣ моро водор месозангд, ки дар мавриди мавҷудияти ҷаҳолату таассуб дар байни тарафдорони сиёсати арзишҳои либералӣ на камтар аз мутаассибони диниву тоифаи динситезон андешаронӣ кунем.

Ҷонибдорони сиёсати арзишҳои либералӣ ҳоло ҳам дар таассуби худ ғўта зада, аз моҳияти аслии таҳмили чунин арзишҳои сунъӣ бехабаранд. Баъзан дар семинару тренингҳои баргузорнамудаи созмону ташкилотҳои мухталифи байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон иштирок намуда, шоҳиди он мешавем, ки як хориҷии аз асли фарҳангу ҳувияти миллии мо бехабар барои ҷавонону мутахассисони мо моҳияти ҳуқуқу озодиҳои инсонро фаҳмониданӣ мешавад ва баъзан кўшиши таҳмили арзишҳои либералии худро менамояд. Бо назардошти ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани мо, истифода аз семинару тренингҳо низ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ зарур мебошад. Вале аҳёнан баъзе шаҳрвандони мо, ҳатто баъзе мутахассисони касбиву соҳавӣ, аз доираи мавзўи омўзиш берун шуда, андешаи онҳоро ба куллӣ қабул намуда, дар пеши як хориҷӣ тамоми мушкилиҳои иҷтимоии ҷомеаро баён медоранд, гўё ки вай ҳамаи онҳоро ҳал мекарда бошад. Ба қавли устод Лоиқ:

Хешро нашнохта бегонадўст,

Аз ҳақиқат ғофилу афсонадўст.

Куҳансолони мо мегўянд, ки «гапи хонаро ба кўча баровардан хуб нест». Маҳз дар ҳамин ҳолатҳо мебояд пеш аз ҳама ҳушёру зирак буд ва набояд фаромўш кард, ки миллати тоҷик дар масири таърих вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва баёни андешаҳои башардўстона аз аксар миллатҳои Ғарб пеш меистад. Бузургони миллати тоҷик ҳанўз дар аҳди қадим моҳияти ҳуқуқу озодиро дарк намуда, озодии эътиқодро бори аввал дар Эъло­мияи Куруши Кабир ҳамчун нахустин дар ҷаҳон санади меъёрӣ роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии инсон дарҷ намудаанд. Мо ҳаққи маънавӣ надорем, ки дастовардҳои беназири имрўзу гузаштаамонро дар пеши арзишҳои таҳмилшуда нодида гирем. Хоссатан, дар ҳоле ки дар Аврупои муосир ҳам як қатор сиёсатмадорону зиёиён арзишҳои либералии дорои стандартҳои дугонаро зери танқид қарор дода, кўшиши эҳёи арзишҳои фарҳангии миллии худро намуда истодаанд.

Бунёди давлатдории миллии муосири тоҷикон, эътирофи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҷонибдории иқдомоти хирадмандонаи Пешвои миллат аз ҷониби СММ, эҳёи фарҳанги миллӣ, рушди босуботи иқтисоди мамлакат, ба низом даромадани вазъи динии кишвар ва дигар равандҳои созандаи солҳои охир дар ҷомеа фазои наверо фароҳам овард, ки ҳифзи дастовардҳои навини замони истиқлолият беш аз ҳама ногузир гаштааст. Мо тоза давлатдории навини худро ба роҳ мондем ва бояд чунон тарзи коргузориеро пеша кунем, ки самтгирии ҳаёти ҷамъиятӣ дар ниҳоят ба рушди давлативу миллӣ оварда расонад ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии муосири тоҷикон барои ҳазорсолаҳо ҳифз шавад.

 

Бахтиёр ЮНУСЗОДА
Афшини МУҚИМ,
кормандони масъули Кумитаи оид ба корҳои
дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 5, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд