«Мо – тоҷиконем!»: мотосиклронҳои мо парчами Тоҷикистонро муддати як моҳ дар саросари Амрико парафшон месозанд

Май 11, 2017 18:51

ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10-уми май дастаи мотосиклсаворони тоҷик бо шиори «Мо тоҷиконем!» роҳ сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пеш гирифтанд , — иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода.
«Чорабинии мазкур ба 25-умин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА бахшида шудааст», — зикр кард Р.Назарзода.

Дар доираи ин чорабинӣ, ки муддати як моҳ идома меёбад, дастаи мотосиклсаворони тоҷик бо сокинони шаҳру аёлатҳои гуногуни Амрико мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор карда, онҳоро бо фарҳанг, таърих ва табиати нодири Тоҷикистон ошно мекунанд. Тавре роҳбари даста Фарҳод Калонов зикр кард, ҳадаф аз чорабинии мазкур ҷустуҷуи самтҳои нави ҳамкорӣ ва бештар намудани робитаву муносибатҳои дӯстона миёни сокинони ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад. Дастаи мотосиклсаворони тоҷик ба ҳама шаҳру аёлаттҳои Амрико бо парчами Тоҷикистон сафар мекунанд.

Дар назар дошта шудааст, ки ба нуқтаи охирини сабқати байналмилалӣ мотосиклсаворон 13 июн рафта мерасанд. Дар ин муддат 6 нафар иштирокдорони сабқат дар се мотосикл 10 ҳазор километр масофаро пушти сар карда, аз 20 аёлати Амрико боздид ба амал меоранд. Ба ҳайати мотосиклронҳо журналисти телевизиони «Варзиш» Умед Аҳмадзода низ шомил аст. Ӯ тамоми сафарро аз аввал то ба охир ба навор гирифта, нақша дорад, ки филми мустанад омода созад.

Мотосиклсаворони тоҷик сабқати худро аз самти уқёнуси Атлантика оғоз карда, ба сӯи уқёнуси Ором тавассути яке аз кӯҳантарин роҳҳои Амрико – Шоҳроҳи 66 (ROUTE 66), ки онро ҳамчунин «Модари ҳамаи роҳҳои Амрико» ва «Кӯчаи марказии Амрико» низ меноманд, гузар мекунанд.

Хайати дастаи мотосиклсаворон аз шаҳрҳои Ню-Йорк, Вашингтон, Детройт, Чикаго, Денвер, Лас-Вегас, Лос-Анджелес ва бародаршаҳри Душанбе — Боулдер дидан мекунанд. Дар ҳамаи ин шаҳрҳо ҳайати даста парчамҳои Тоҷикистонро ба сокинон тақдим карда, ба онҳо дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистони зебову офтобӣ маълумот медиҳанд.

Ҷараёни сабқати мотосиклсаворони тоҷикро дар ҳудуди Амрико метавон ба воситаи интернет мустақиман тамошо кард.

Мавриди зикр аст, ки клуби мотосиклсаворони «ИРБИС МСС» нахустин чунин клуби варзишӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз соли 2015 инҷониб клуби мазкур ҳар сол сабқати мотосиклсаворӣ баргузор мекунад. Сабқати байналмилалии мотосиклсаворон бо шиори «Мо тоҷиконем!» маротибаи сеюм баргузор мешавад. То ин замон пойгаи аввал дар ҳудуди кишварҳои ИДМ ва пойгаи дуюм дар ҳудуди кишварҳои Аврупо баргузор шуда буданд.

А.САНГЗОДА

Май 11, 2017 18:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд