Моҳвораи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо баргузории ҳамоиш ҷамъбаст гардид

Май 25, 2017 17:29

ДУШАНБЕ, 25.05.2017/АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе  Моҳвораи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо баргузории ҳамоиш ҷамъбаст гардид. Дар он намояндагони кишварҳои  Россия, Испания, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон,  Қатар, Арабистони Саудӣ, масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар  ва созмонҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш котиби генералии  Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон  Баҳодур Қурбониён оид ба таърихи таъсиси ин ниҳод ва рисолати он ибрози назар кард. Зикр шуд, ки самти фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон  ба дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ нигаронида шудааст.

Иштирокдорони ҳамоиш – сарвари Дафтари Кумитаи Салиби сурх дар Тоҷикистон Клавдия Азолини, сарвари Дафтари Федератсияи байналмилалии ҷамъятҳои Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Миёна Байлар Толибов, сарвари намояндагии Салиби сурхи Олмон дар Осиёи Миёна Икром Солиев ва дигарон  зимни суханронии худ масоили  марбут ба ҳифзи  сиҳатии аҳолӣ,  муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъалаҳоро матраҳ намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш як қатор  кормандони Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар  дар арсаи башардӯстӣ бо ифтихорномаю  нишонҳои фахрӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар моҳи май дар Тоҷикистон «Моҳвораи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон» таҷлил гардида, дар доираи он  барномаҳои гуногуни  фарҳангию варзишӣ, чорабиниҳои ҳунарии хайриявӣ ва дигар тадбирҳо доир карда мешаванд.

?

 

Май 25, 2017 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад