Муколамаи мустақими телевизионии Шодихон Ҷамшед оид ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ

Май 12, 2017 16:56

ХОРУҒ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муколамаи телевизионии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо масъули ташкилоти башардӯстонаи «Фокус» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳодӣ Ҳусайнӣ ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид дар муҳити бехавф, сари вақт кӯчонидани одамон аз мавзеъҳои хатарнок ва тарзу усулҳои пешниҳоди  кумаки башардӯстона ба зарардидагон бахшида шуд.

Шодихон Ҷамшед зимни суҳбати мустақими телевизионӣ изҳор намуд, ки ҳамагӣ се фоизи масоҳати замини вилоят ҳамвор аст ва 93 фоизи онро кӯҳсор ташкил медиҳад. Кишоварзон ҳамагӣ 12 ҳазор гектар замини кишт доранд. Аз ин рӯ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар як порча замини киштбобро ғанимат шумурда, манзили худро дар зери кӯҳдоманҳо месозанд ва  дар мавсими боришот  маҷбур мешаванд маҳали зисти худро тарк кунанд. Дар чанд соли охир бо кумаки ташкилоти башардӯстонаи «Фокус»  дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ саддҳои муҳофизатӣ бунёд шуданд, ки дар зимистони имсол даҳҳо манзилҳоро аз харобшавӣ наҷот доданд.

Намояндаи ташкилоти «Фокус» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳодӣ Ҳусайнӣ гуфт, ки ташкилоти онҳо аз соли 2006 иҷозати расмии фаъолият гирифт ва дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба муайян кардани мавзеъҳои хавфнок, васл кардани дастгоҳҳои огоҳкунанда корҳои зиёдро анҷом доданд.

Дар муколамаи телевизионӣ оид ба баланд бардоштани тахассус ва маҳорати касбии гурӯҳҳои наҷотдиҳанда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани баҳогузорӣ ба офатҳои табиӣ, пешгӯии обу ҳаво ва амсоли инҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Май 12, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд