Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук

Май 17, 2017 17:57

ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 17 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот самтҳо ва имконоти нави густариши ҳамкорӣ баррасӣ гардида, Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс муаррифӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак, лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, инчунин арзёбӣ ва баррасӣ намудани ҳолати пешгирии офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таъсири омилҳои манфии беруна ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 — ро баррасӣ карда, афзалиятҳои ҳамкории минбаъдаро муайяну мушаххас намуданд.

Таъкид шуд, ки афзоиши маблағҳои имтиёзноки грантии Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи ҳадафҳо дар соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтор, истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад омили муҳими таъмини рушди устувор бошад. Ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии бахши кишоварзӣ, афзоиши содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвият бахшидани неруи инсонӣ барои таъмини босифати пешрафти иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ зарур шумурда шуд.

Таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва тақвияти дигар самтҳои ҳамкории минтақавӣ аз мавзуъҳои асосии мулоқот буд, ки оид ба амалигардонии онҳо низ таклифҳои судманд пешкаш гардид.

 
Мулоқот бо Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук  17.05.2017

Май 17, 2017 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд