Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Осиёи Марказии Бундестаги Олмон

Май 1, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  28 апрел бо даъвати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов роҳбари ҳайати вакилони Бундестаг аз гурӯҳи дӯстии «Олмон ва Осиёи Марказӣ» Манфред Грунд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ташриф овард.

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар оғози мулоқот Сафири Тоҷикистон ҳамсуҳбаташро бо 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Олмон табрик намуда, сафари расмии ҳайати вакилони Бундестаг аз гурӯҳи дӯстии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-ро бо роҳбарии Манфред Грунд рӯзҳои 8-11 апрели соли равон ба Тоҷикистон, барои вусъати ҳамкории гуногунҷабҳаи дуҷониба саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд.

Манфред Грунд сафари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ самаранок арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар баробари вохӯриҳои судманд дар Парлумони Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар, инчунин имкон доштанд, ки зимни сафар ба шаҳри Норак ва ноҳияи Фархор бевосита бо мардуми тоҷик ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз наздик ошноӣ шинос шаванд.

Ҷонибҳо зимни суҳбат изҳори боварӣ карданд, ки минбаъд низ таҳкими ҳамкории байнипарлумонии байни Бундестаги Олмон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушду тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии байни ду кишвари дӯст вусъати тоза меёбанд.

 

Май 1, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад