Мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон», «Дави миллӣ» ва «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон» бахшида ба Соли ҷавонон

Май 13, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ Ховар/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бахшида ба  Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017  қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 майи соли 2017    «Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои  варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» ва аз 12 майи соли равон   дар бораи эълон ва баргузор намудани «Ҳафтаи  технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе»  ба тасвиб расиданд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода,  зикр  намуданд, ки  тибқи қарорҳои мазкур мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» 20 майи соли 2017, аз соати 8:00 то 11:00 , «Дави миллӣ» 21 майи соли 2017, аз соати 8:00 то 11:00   ва аз 15 то 22 майи соли 2017   «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор карда мешаванд.

Бо қарори дахлдор нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар ин мусобиқаҳо таъмин намоянд.

Ҳамчунин  тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида  маросими расмии кушодашавии «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» 15 майи соли 2017, соати 14:00 дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ва маросими пӯшидашавии он 20 майи соли 2017, соати 16:00 дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон» -и  шаҳри Душанбе доир  мегардад.

 

 

 

Май 13, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд