Нақшаи бунёди боғ дар ноҳияи Сангвор 126,7 фоиз иҷро шудааст

Май 24, 2017 14:51

САНГВОР, 24.05.2017./ АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Сангвор имсол дар майдони 38 гектар замини корами лалмӣ боғҳои гуногуни мевадиҳанда бунёд намуданд, ки ин 126,7 фоизи иҷрои  нақшаи бунёди боғ дар ноҳияро ташкил медиҳад. Дар ин бора  аз шуъбаи кишоварзии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Оид ба иҷрои супоришҳои  Пешвои миллат ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав, обёрии заминҳо, васеъ кардани майдони кишти картошка ва бунёди боғҳои нав, ки зимни сафари корӣ  ба ноҳияи Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт ва деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ дода буданд,  муовини якуми раиси ноҳия Темур Қурбонзода гуфт, ки имсол мувофиқи  дурнамои кишт хоҷагиҳои ноҳия, новобаста аз шакли моликияташон дар майдони 700 гектар  картошка кишт менамоянд. То имрӯз дар майдони 404 гектар картошка кишт шудааст. Ҳамчунин дар сурати барқарорсозии  9 адад  иншооти обёрикунанда, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ хароб гардидаанд, дар ноҳия зиёда аз 500 гектар замини бекорхобида барқарор шуда, обёрӣ мешаванд.

Май 24, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид