Назри Яздонӣ: «Шашмақом ҳамчун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора пайдо кард»

Май 12, 2017 16:15

Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шашмақом ҳамчун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард. 12 майи соли 2000 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ва ба ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мақоми давлатӣ фармон содир намуда буданд.
Соли 2010 Шашмақом аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва ғайримоддии мероси ҷаҳонӣ ҳамроҳ карда шуд. Вобаста ба вазъи имрӯзаи мусиқии тоҷик ва нафароне, ки дар ин ҷодаи санъати тоҷик саҳми бориз доранд,   чанд андешаеро аз китоби «Ҳикмати озодагон»-и Назри Яздонӣ дар зер меорем.

Суруди тоҷикӣ бо жанрҳои фаровонаш, «Шашмақом», «ҳамосасароӣ», «фалак», «нақш», «тӯёна», «марсиясароӣ», «қаландарӣ», «алла» ва ғайраву ва ғайраҳо, ки ҳар кадоме вазифаҳои худро доранд, барои пурра таъмин кардани талаботи гуногунии равонии инсон нақши мушаххас доранд. Яке инсонро дар вартаи мо­там таскин медиҳад, яке шӯру шавқи пухтаи инсонро таҷаллӣ дода, рӯзгори зоҳириашро ороставу муайян мекунад, яке ба қаҳрамонӣ, дигар ба ҳамдардӣ ва саввумӣ ба тафаккур ҳидоят мекунад. Дар маҷмӯъ, су­руди тоҷикӣ инсонро ба камолоти маънавӣ мерасонад, мусоидат мекунад, ки аз лаззатҳои фаровонии рӯзгор, чаҳони ботинии инсонӣ баҳра бигирад. Ин бахшҳои фарҳангии суруд, мутаассифона, тамоил ба заиф шудан доранд. Ақидаи ман ин аст, ки бо гузаштани Одина Ҳошим жанри қиссахонӣ ҳам даргузаштааст. Бошад, ки чунин набошад, аммо ҳақиқати зиндагӣ орзуҳо ва тасаввуроти бебунёдро намепазирад…

Одина Ҳошим то буд, як овозхони барҷаста буд. Акнун ки нест, мо мегӯем: «Як қитъаи саҳнаи суруд холӣ мондааст». Воқеан ҳам ҷои ӯ, мутаассифона, холист. Барои равшантар фаҳмидани ин маънӣ ба хотир биёрем, ки ҷои Ҳикмат Ризо акнун барои ҷовидон холист. Фолклоршиносоне, ки эҷодиёти ӯро сабт кардаанд, қоил ҳастанд, ки танҳо чил фоизи онро навиштаанду тақдири он чил фоиз ҳам маълум нест…

Одина Ҳошим таҷассуми зиндаи анъанаи бостонии тоҷикӣ буд, ки бо сабки «сина ба сина» аз насл ба насл гузашта, то ба имрӯз омада расидааст.

Дар мусиқии ҷаҳон «Шашмақом» чӣ қадр дорад? То ҷое, ки ман медонам, ақидаи мутахассисони ҷаҳонӣ ин аст, ки Шашмақом арзиши баланди касбӣ дорад ва ҷанбаи барҷастаи он ашрофона буданаш аст.

Саволи ман ин аст: Оё ашрофона будан маънои умимиллӣ буданро надорад? Ба фикри ман, ашрофӣ будани Шашмақом монанди ашрофӣ ё қалбӣ будани симфония нест, фарқ ин аст, ки барои фаҳмидани мусиқии симфонӣ тарбияти махсуси касбӣ зарур аст. Барои фаҳмидани Шашмақом тарғибу ташвиқи пайвастаи он кифоят мекунад. Ин андешаро таҷрибаи даҳ соли охири такдири Шашмақом дар Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Дар ин даҳ сол тадбирҳои судманд амалӣ шуданд ва зеҳни шумораи зиёди мардум ба он алоқаманд шуд, ки ин як натиҷаи бисёр муҳим аст ҳам дар самти тарбияи мусиқӣ ва ҳам дар худшиносии миллӣ.

 

 

 

Май 12, 2017 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд