Неруҳои амниятии кишвар кӯшиши қочоқбаронро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон барбод доданд

Май 22, 2017 16:52

ХОРУҒ, 22.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшон Фаррух Назришоев ва Ҳабибуло Абдуллоев бо маслиҳати пешакӣ бо Мурод ном нашъаҷаллоб дарёи Панҷро ғайриқонунӣ убур намуда, дар деҳаи Ҷоведи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, дар хонаи дӯсташон «меҳмон» мешаванд. Дар ин ҷо бар ивази машруботи спиртӣ ва иловаи пули нақд маводи мухаддирро дастрас намуда, худи ҳамон рӯз ба зодгоҳашон бармегарданд. Аммо дар бозгашт кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ин амали ғайрқонуниашонро пайгирӣ мекарданд, бо баргузории як амалиёти фаврӣ дар соҳили дарёи Панҷ бо камераи мошини боркаш ва миқдори муайяни маводи мухаддири навъи героин ва ҳашиш онҳоро  боздошт мекунанд. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати Кумитаи давлатии миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба ин ду нафар бар асоси моддаҳои 335, қисми 2, 201 қисми 3 ва 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Аз Раёсати мазкур ҳамчунин хабар доданд, ки яке аз ду қочоқбар- Фаррух Назришоев соли 2014 низ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайрқонунии марзи давлатӣ аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир ва бо ҳукми суд ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум гардида будааст. Ӯ соли 2016 тибқи Қонун «Дар бораи авф» аз маҳбас озод шуд. Аммо баъди ҳамагӣ чанд моҳ боз даст ба ҷиноят зад.

 

 

Май 22, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд