Неруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд

Май 19, 2017 16:34

Хабарҳои мавзӯъ

Хавопаймо

ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА ба ҷониби мавқеи дастаҳои ҳукуматӣ дар Сурия ҳамла оварданд. Дар ин бора агентии «Рейтер» бо такя ба намояндаи расмии ИМА иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои агентӣ, ҳамла ҷавобан ба ҳаракати ҷонибдорони ҳукумати Сурия ба мавқеи мухолифоне, ки онҳоро ИМА пуштибонӣ мекунад, сурат гирифтааст.

Тавре намояндаи эътилофи байналмилалӣ ба «РИА Новости» иттилоъ додааст, онҳо якчанд маротиба аз дастаҳои ҷангии тарафдори ҳукумати Сурия талаб карданд, ки самти ҳаракати худро тағйир диҳанд ва танҳо пас аз ин ба ҷониби онҳо зарба заданд.

«Баъд аз талабҳои чандинкарата, ки дастаҳои ҷангии тарафдорони ҳукумати Сурия нодида гирифтанд, ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ намоишкорона парвоз карда, ба нишони огоҳкунӣ якчанд тир сар доданд, сипас ба сӯи дастаҳои пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла оварданд. Дар натиҷа як танк ва дигар лавозимоти онҳо нобуд карда шуданд», — изҳор кардааст намояндаи эътилофи байналмилалӣ.

Намояндаи Пентагон ба агентии «РИА Новости» иттилоъ додааст, ки ҳамла дар мавзеи Ат-Танфа, дар яке аз минтақаҳои бехавф сурат гирифтааст. «Фармондеҳӣ ҳаракати дастаҳои ҷангии тарафдори ҳукумати Сурияро барои худ хатар донист ва ба сӯи онҳо тавассути неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҳамла овард», — шарҳ додааст  намояндаи эътилоф.

Тибқи хабари «Ассошиэйтед Пресс», ҳарбиёни ИМА дар хусуси будан ё набудани неруҳои артиши Сурия дар корвони мавриди ҳамла қароргирифта ягон маълумот надоранд.

ИМА бо иттифоқчиёни худ аз соли 2014 дар ҳудуди Сурия ва Ироқ ба муқобили гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» амалиёт мебаранд ва ба неруҳои мухолифи ҳукумати Сурия кумак мерасонанд. Эътилофи байналмилалӣ бе иҷозати расмии Сурия дар ин кишвар амалиёт дорад.

 

 

Май 19, 2017 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд
ООН-1СММ аз ҷонибҳои даргир дар Афғонистон даъват кард, ки ба ҳалокати кӯдакон роҳ надиҳанд
V-rajone-Bermudskogo-treugolnika-ischez-samoletДар «Секунҷаи Бермуд»-и уқёнуси Атлантика ҳавопаймои хурд бо чор мусофир нопадид гардид