Неруҳои Ироқ боз як маҳали дигари Мосулро аз террористон озод карданд

Май 16, 2017 16:25

Хабарҳои мавзӯъ

Irak-1-1

ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои зиддитеррористии хадамоти махсуси Ироқ (CTS) ноҳияи Ал-Урайбӣ, воқеъ дар қисмати ғарбии Мосулро аз ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» озод карданд, — иттилоъ медиҳад агентии «Синхуа».

Тавре фармондеҳи амалиёти ҷангӣ барои озод кардани шаҳри Мосул, генерал-лейтенант Абдул Амир Яралла изҳор кард, неруҳои ҳукуматӣ шумораи зиёди ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро маҳву нобуд сохта, байрақи Ироқро дар болои биноҳои ноҳияи Ал-Урайбӣ насб карданд.

Тавре хабаргузории «РИА Новости» иттилоъ медиҳад, амалиёти ҷангии неруҳои ҳарбии Ироқ ба муқобили гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» барои озод намудани шаҳри Мосул аз моҳи октябри соли 2016 бо дастгирии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА идома дорад.

Ҳоло задухӯрдҳои хунин миёни неруҳои ҳукуматӣ ва террористон дар мавзеъҳои Зандҷилӣ, Ҳарамот, Рафоӣ ва Арибӣ рафта истодаанд.

Шаҳри Мосул тобистони соли 2014 аз тарафи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» тасарруф ва ба макони асосии террористон мубаддал гардида буд.

Мувофиқи харитае, ки ВАО-и Ироқ чоп кардаанд, ҳамагӣ чанд маҳали хурд дар канори дарёи Тигр дар ихтиёри террористон мондааст.

Сардори ситоди генералии артиши Ироқ Усмон ал-Ғанимӣ чанде пеш изҳор карда буд, ки неруҳои ҳукуматӣ азм доранд то 27 май-  оғози моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон шаҳри Мосулро пурра аз террористон озод кунанд.

 

 

Май 16, 2017 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд
ООН-1СММ аз ҷонибҳои даргир дар Афғонистон даъват кард, ки ба ҳалокати кӯдакон роҳ надиҳанд