Номаи шодбошӣ аз намояндаи Владимир Путин ба Ҳошим Гадо

Май 23, 2017 10:45

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ Ховар/. Ба унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо аз намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский бахшида ба   80-солагии  Ҳошим Гадо барқияи шодбошӣ   ворид гардид.

Тавре  аз Маркази матбуоти  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд,  дар матни барқия  омадааст, ки Ҳошим Гадо ҳунарпешаи нотакрор, коргардони моҳир ва мутафаккири хирадмандест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф гардидааст. Фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар рушди фарҳанги тоҷик дар ҳақиқат сазовори таҳсин ва эҳтиром  аст.

«Меҳнати пайваста ва арзандаи шумо барои мустаҳкам намудани муносибатҳои фарҳангии байни кишварҳо сазовори миннатдории махсус аст»,-гуфтааст намояндаи Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой дар  ин нома.

«Осори шумо дар таърихи театр ва синамои шӯравӣ ба саҳифаи дурахшоне табдил ёфтааст. Истеъдоди фавқулодаи нависандагӣ, осори тарҷумаиҳолӣ ва фалсафии саршор аз ҳикмати шумо шавқи беандозаи хонандагонро бедор намуда, шуҳрати бузургеро ба даст овардаанд», — нигоштааст  Вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский дар матни барқияи шодбошӣ.

Хотиррасон менамоем, ки 10 майи соли 2017 ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии СССР Ҳошим Гадо 80 сол пур шуд. Он рӯз бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳошим Гадо бо унвони ифтихории «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Нишони  мукофоти давлатии мазкурро ба ҳунарманди маъруф  Пешвои миллат супориданд.

 

 

 

Май 23, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд