Оғози сафари кории Пешвои миллат ба Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Май 10, 2017 09:17

ДУШАНБЕ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар калонтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон-Неругоҳи барқи обии Роғун ба ин шаҳр ташриф оварданд. Пазироии меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи саҳни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» сурат гирифт.

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншооти азими аср шинос шуда, бо ҳайати муҳандисону кормандони техникии иншоот мулоқот карданд.

Шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолати имрӯзаи мавзеи банду басти маҷрои дарё ва ҷараёни бунёди пешдарғоти болоӣ оғоз ёфт.

Тавре ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии корҳои пешдарғот 2,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Пас аз иваз кардани маҷрои дарё, аз ҷониби ширкати Салини Импреҷило бештар аз 2 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағалмаводи пешдарғот хобонида шудааст. Айни ҳол дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб маводи сарбанд ба пешдарғоту дарғоти навбати аввали неругоҳ рехтаву мустаҳкам карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулони НБО Роғун, ҳамзамон бо иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ мегардад. Хабар дода шуд, ки то ба имрӯз дар сарбанди неругоҳ 47 адад асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб гардидаанд. Лоиҳа ва технологияи сохтмони пешдарғот талаб мекунад, ки дар бунёди он 32 ҳазору 200 метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, ворид карда шавад. Геомембрана дар қисмати пеши дарғот қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар мавод ва қабатҳои ҳимоявӣ насб карда мешавад, ки барои нагузаштани об пешбинӣ шудааст. Айни замон корҳои васлу насби геомембрана дар сарбанд идома дошта, то ба имрӯз ба масоҳати зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъ пурра васлу насб гардида, пайваст кардани дарзҳо идома дорад. Хобонидани ин мавод, ки зиддиполоишӣ мебошад, имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввал мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО Роғун дастур доданд, ки қабл аз ҳама, ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин Кохи нур ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳар як сохтмончиву муҳандис дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми дигар кардани маҷрои дарёи Вахш дар санаи 29 октябри соли 2016 сармашқи кор қарор дода, бобати дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои асосӣ ба хотири мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи аввали ин иншоот имконоти мавҷударо мақсаднок истифода мебаранд.

Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи пешдарғоти НБО Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т22 шиносоӣ пайдо карданд. Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22 ба итмом расида, дар маҷмӯъ корҳои нақбканӣ 157 286 м3, дар ҳаҷми 32 865 метри мукааб хобонидани бетони конструктивӣ иҷро гардидааст. Айни замон кашонидани сангу шағал ба воситаи нақби мазкур барои бунёди пешдарғот идома дорад. Дарозии нақби мазкур дар маҷмӯъ (Т-22, Т-22I ва Т-22II) 600 метри тӯлонӣ мебошад.

Сатҳу сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад ва рағбату дилгармии диловарони Роғунро, ки теъдодашон имрӯз ба бештар аз 13 ҳазор нафар мерасад, таваҷҷуҳи доимӣ ва сафарҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиш додааст.
Оғози сафари корӣ ба Неругоҳи барқи обии Роғун   10.05.2017

Май 10, 2017 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд