Ҳолати молиявии ду бонки низомсоз- «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» баррасӣ гардид

Май 31, 2017 12:18

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи  феълии низоми бонкӣ дар кишвар, аз ҷумла ҳолати молиявии ду бонки низомсоз- ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 30 май зимни мулоқоти  муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова ва Директори ширкати байналмилалии  машваратии «Alvarez&Marsal»  Николай Кузнетсов мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, мулоқоти мазкур дар доираи кумаки техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва шартномаи ҳамкорӣ бо Ширкати байналмилалии  машваратии «Alvarez&Marsal» ҷиҳати таҳияи нақшаи солимгардонии ду бонки низомсоз- ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба сифати сандуқи қарзӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳо, шабакаи филиалҳо, вазъи таъминоти барномавӣ ва иттилоотӣ ибрози назар намуданд.

Зимни мулоқот муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ширкати «Alvarez&Marsal» ҷиҳати таҳияи нақшаи солимгардонии бонкҳои мазкур омода аст. Аз ҷумла, бо ишора ба таҷрибаи касбии мутахассисони ширкат Ҷамолиддин Нуралиев изҳори боварӣ намуд, ки аз ҷониби ширкати «Alvarez&Marsal» модели нав ва муносиб барои солимгардонии бонкҳои номбурда  таҳия ва пешниҳод хоҳад шуд.

2Директори Ширкати байналмилалии машваратии «Alvarez&Marsal» Николай Кузнетсов барои ҳамкорӣ ва мусоидат аз намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки барои сазовор гаштан ба интизории Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи кофӣ дар ин самт тамоми саъю кӯшиши худро равона хоҳад сохт.

Боиси тазаккур аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марина Ермакова, мутахассисони Ширкати байналмилалии машваратии «Alvarez&Marsal» Александр Волчков, Александр Еремин, Андрей Шинкаренко ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.

 

 

Май 31, 2017 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд