Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар Қазоқистон соҳиби медали нуқра гардид

Май 31, 2017 14:30

ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Паҳлавони  тоҷик Саидҷамол Алимардонов  дар Ҷоми ҷаҳон оид ба «казах куреси», ки 25-28 май дар деҳаи Оқсуати ноҳияи Тарбагатайи вилояти Қазоқистони шарқӣ баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ӯ дар вазни то 90 кило баъди пирӯзӣ бар Давид Саркисян аз Арманистон дар даврҳои баъдӣ Денис Эммерти россиягӣ ва Семён Ракитаи украиниро мағлуб кард. Вале Саидҷамол Алимардонов дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Беҳзод Аҳмадбекови қазоқистонӣ шикаст хӯрда, мақоми дуюмро касб намуд.

Ин мусобиқа бо иштироки варзишгарони 22 кишвар, аз ҷумла 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ- Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Литва, Озарбойҷон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина ва Эстония, инчунин Дания, Муғулистон, Олмон, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Чех ва Ҳиндустон баргузор шуд.

Бояд зикр кард, ки ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се варзишгар-  Асадулло Тоиров (-70 кило), Саидҷамол Алимардонов (-90 кило) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+90 кило)  дохил буданд.

Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои гӯштии миллии қазоқҳо дар се вазн (-70, -90 ва +90 кило) бо ҳузури беш аз ҳафт ҳазор тамошобин барпо гардид.

 

 

Май 31, 2017 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд