Пажӯҳишгар Лобовский: ҷопониҳо заминларзаро пешгӯӣ хоҳанд кард

Май 11, 2017 10:40

Хабарҳои мавзӯъ

Лобовский

ДУШАНБЕ, 11.05.2017./АМИТ «Ховар»/.  Олимон наметавонанд заминларзаро дақиқ пешгӯӣ кунанд ва бино ба далоили айнӣ, мушкилтарин пешгӯиҳо пешгӯиҳои кӯтоҳмуддате ҳастанд, ки барои наздиктарин соатҳову рӯзҳо пешниҳод мешаванд. Чуноне, ки муовини мудири бахши заминшиносии  Пажӯҳишгоҳи дарёшиносии Академияи илмҳои Россия доктори илмҳои физикаву  математика Леонид Лобковский дар суҳбат бо радиои «Sputniк» изҳор дошт, имрӯзҳо метавонем шоҳиди пешрафтҳои бузурге дар илми зилзиласанҷӣ шавем. «Донишмандони ҷопонӣ эълом кардаанд, ки дар назар доранд қишри Заминро то қаъри лозим бишикофанд ва аз ин қисмат, ки то кунун пажӯҳиш нашудааст, намуна бардоранд», — гуфт вай.

«Пажӯҳишгарон умедворанд, ки ин озмоиш имкон хоҳад дод равандҳое, ки дар жарфои Замин мегузаранд, аз ҷумла равандҳои заминсохтӣ ва зилзиласанҷӣ беҳтар омӯхта шаванд ва сомонаи махсуси пешгӯии заминларза офарида шавад», — тавзеҳ дод Леонид Лобовский.

«Бартарии ин озмоиш дар он аст, ки ковиши қишри Замин шароиту имконро барои омӯзишу пажӯҳиши мустақими маъдансангҳое фароҳам меоварад, ки дер ё зуд дар минтақаи ларзишхезе қарор хоҳанд гирифт, ки шадидтарин заминларзаҳо он ҷо рух медиҳанд», —гуфт Лобовский. Вай афзуд, ки дар оянда ҳама моделҳои назариявӣ ва фарзияҳо дар илми зилзилашиносӣ  дар асоси натиҷаҳои ин озмоиш бунёд хоҳанд ёфт.

Май 11, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд