Пекин ва Кобул мубориза ба муқобили терроризмро тақвият медиҳанд

Май 4, 2017 11:58

Хабарҳои мавзӯъ

Kitaj-i-Afganstan

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамкорӣ дар бахши мубориза ба муқобили терроризмро тақвият бахшида, ҳамчунин барои нигоҳ доштани амният ва суботи минтақа талош мекунанд. Дар ин бора «РИА Новости» бо такя ба иттилои расмии вазорати корҳои хориҷии Хитой хабар пахш кардааст.
Дар Пекин мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҶХХ Ван И ва муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ҳикмат Карзай баргузор шуд. «Хитой барои дар сатҳи олӣ нигоҳ доштани муносибатҳо бо Афғонистон ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо терроризм азми қатъӣ дорад», — изҳор кардааст Ван И. Мувофиқи суханони ӯ, Хитой ҳамчунин ният дорад, ки баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Афғонистон талош кунад.
Ҳикмат Карзай ба ҷониби Хитой барои пуштибонӣ аз барқароршавии сулҳ дар Афғонистон изҳори сипос кард. Мувофиқи суханони ӯ Афғонистон азм дорад дар татбиқи барномаи «Як камарбанд як шоҳроҳ» фаъолона иштирок кунад.
«Афғонистон барои муборизаи қатъӣ ба муқобили гурӯҳи террористии «Туркистони шарқӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ азми ҷиддӣ дошта, барои таъмини амният ва суботи ду кишвар ва минтақа ҷаҳду талош мекунад» — зикр кардааст муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон.

Май 4, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд