Пешниҳоди Россия оид ба таъсиси чор минтақаи бехавф дар Сурия

Май 5, 2017 09:53

Хабарҳои мавзӯъ

Путин ва Эрдоган

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Россия пешниҳод дорад, ки дар Сурия чор минтақаи бехавф таъсис дода шавад. Дар ин бора президенти Федератсияи Россия Владимир Путин зимни мулоқоташ бо президенти Туркия Реджеб Тайиб Эрдуғон изҳор намудааст, — менависад нашрияи «Коммерсантъ». Тибқи хабари «Коммерсантъ», В.Путин ин ташаббуси худро як рӯз қабл зимни гуфтугӯи телефонӣ бо президенти ИМА Доналд Трамп низ муҳокима кардааст.
Ба андешаи президенти Россия, созмон додани минтақаҳои бехавф имконият фароҳам меорад хунрезӣ қатъ ва ба оғози муколамаи сиёсӣ замина гузошта шавад.
Ҳукуматдорони Федератсияи Россия умедворанд, ки Созишнома оид ба минтақаҳои бехавф зимни баргузории даври навбатии гуфтушунидҳои Сурия дар Остона, ки дар ҷараёни он ғайри Россия ҳамчунин намояндагони ду кишвари миёнарав- Туркия ва Эрон низ иштирок мекунанд, ба имзо мерасад.
Тавре аз лоиҳаи Созишномаи мазкур, ки нусхаи он ба газетаи «Коммерсантъ» дастрас шудааст, бармеояд, дар атрофи минтақаҳои бехавф неруҳои ҳарбии хориҷӣ метавонанд ҷойгир карда шаванд.
Аз ташаббуси нави Федератсияи Россия Владимир Путин дирӯз дар шаҳри Сочи ҳангоми нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои гуфтушунидаш бо президенти Туркия Реджеб Тайиб Эрдуғон хабар дод. Мувофиқи суханони В.Путин ӯ ин масъаларо, яъне созмон додани минтақаҳои бехавф дар Сурияро бо президенти Амрико баррасӣ кардааст ва Д.Трамп дар навбати худ аз ин ташаббус дастгирӣ кардааст. Москва оид ба ин масъала ҳамчунин бо Димишқ ва Теҳрон машварат анҷом додааст.
«Мо, ҳама ба ин ақида ҳастем: тадбирҳоеро бояд амалӣ намоем, ки барои қатъ гардидани хунрезӣ ва шароит фароҳам овардан баҳри оғоз намудани муколамаи сиёсӣ кафолат дода тавонанд», — изҳор намуд В.Путин.
Ҷониби Россия умед ба он дорад, ки Созишнома дар бораи таъсис додани минтақаҳои бехавф дар Ҷумҳурии Арабии Сурия зимни мулоқоти навбатии тарафҳои даргири Сурия дар Остона ба имзо расонида мешавад. Хотиррасон бояд шуд, ки дар ин гуфтушунидҳо дар баробари Федератсияи Россия ҳамчунин Туркия ва Эрон ҳам ба сифати миёнарав иштирок мекунанд. Дар гуфтушуниди ҷонибҳои даргири Сурия намояндагони кишварҳои нозир, ки дар қатори онҳо ИМА дохил аст, иштирок мекунанд. Дар даври навбатии гуфтушунидҳои Остона Вашингтон бори аввал иштироки худро дар сатҳи хеле баланд бо ҳузури ёрдамчии Котиби давлатӣ пешбарӣ кард. То ин замон зимни гуфтушунидҳои ҷонибҳои даргири Сурия дар Остона танҳо сафири ИМА дар Қазоқистон иштирок карда буд.
Тавре ки аз лоиҳаи Созишнома, ки онро Россия ба иштирокдорони гуфтушунидҳо пешниҳод кардааст, бармеояд, кишварҳои Россия, Туркия ва Эрон, ки «ҷонибдор будани худро ба истиқлолият, мухтор ва тамомияти арзии Сурия тасдиқ кардаанд», ҳамчун кафили риояи оташбас дар Сурия мебошанд.
Дар назар дошта шудааст, ки минтақаҳои бехафв дар ҳудуди Идлиб, қисмати шимолии Хомс, қисмати шарқии Гут ва дар қисмати ҷанубии Сурия таъсис дода мешаванд. Нуқтаҳои аввалу охири ин минтақаҳо аз ҷониби кишварҳои кафил то 22 май бояд дақиқ карда шаванд. Барои ин дар давоми панҷ рӯз баъд аз ба имзо расидани Созишнома бояд гурӯҳи корӣ созмон дода шавад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар ҳудуди чор минтақаи бехавф истифодаи ҳама навъи силоҳ қатъиян манъ карда мешавад, барои фаъолияти ташкилотҳои гуманитарӣ ҳамаи шароити зарурӣ таъмин карда мешавад, тадбирҳо барои барқарор кардани иншооти асосии инфрасохтори иҷтимоӣ, таъмин бо оби нӯшокӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим амалӣ карда мешаванд. Муаллифони Созишнома умед доранд, ки таъсис додани минтақаҳои бехавф барои барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳукуматӣ ва бозгашти гурезагон ба хонаҳои худ мусоидат мекунад.
Дар атрофи минтақаҳои бехавф хати марзӣ муайян карда мешавад, ки ҳадаф аз таъсиси онҳо «пешгирӣ намудани тирпаронӣ байни ҷонибҳои даргир» шарҳ дода шудааст. Дар ҳудуди хатҳои марзӣ гузаргоҳҳо барои гузаштани одамони осоишта, интиқоли молу коло ва расонидани кумаки башардӯстона гузошта мешаванд.
Мувофиқи бандҳои Созишномаи мазкур дар ҳудуди хатҳои ҷудокунандаи минтақаҳо неруҳои ҳарбии хориҷӣ метавонанд ҷойгир карда шаванд. Аммо то ҳоло маълум нест, ки неруҳои ҳарбии кадом кишварҳо дар ҳудуди хатҳои ҷудокунандаи минтақаҳо ҷойгир карда мешаванд. Зеро дар ҳамаи бандҳои Созишнома Россия, Туркия ва Эрон ҳамчун кишварҳои кафил муаррифӣ шудаанд, аммо дар ҳамин қисми Созишнома сухан дар бораи кишварҳои нозир меравад.
Раиси кумитаи Шӯрои Федератсияи Россия оид ба мудофиа ва амният В.Озеров ба ин минтақа ворид намудани полиси ҳарбии Федератсияи Россияро аз эҳтимол дурр намедонад. Ба андешаи ӯ, ҳарбиёни Россия метавонанд тартиботро таъмин кунанд, дар якҷоягӣ бо полиси Сурия дар кӯчаҳо гаштугузор намуда, ба ҳаёти осоиштаи сокинон дахолат накунанд. «Фикр мекунам, ки Россия ва ИМА мувофиқи маслиҳат ва машварат минтақаҳои амнро муайян намуда, таъмини амниятро дар само ба зимма ва таҳти назорати худ мегиранд, барои ин қабул намудани қарори алоҳидаи СММ зарурат надорад. Дар ҳудуди боқимондаи Сурия амалҳои ҷангӣ ба муқобили террористон идома дода мешаванд», — изҳор кард В.Озеров.
Мувофиқи суханони мушовири директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Россия Елена Супонина, то ҳол ҳайати неруҳои байналмилалие, ки амнияти чор минтақаҳои бехавфро дар Сурия бояд таъмин кунанд, аниқан маълум нест, ки кадом кишварҳо дар иҷрои он иштирок мекунанд. «Вариантҳои гуногун баррасӣ шуда истодаанд», — гуфт ӯ ва илова кард, ки «шояд неруҳои ҳарбии Россия, Туркия ва Эрон сафарбар шаванд ва ё мумкин аст неруҳои кишварҳое сафарбар гарданд, ки дар амалиёти ҷангии Сурия иштирок надоранд».
Тавре «Коммерсантъ» иттилоъ медиҳад, мухолифони Сурия ин иқдоми Россияро дастгрӣ карданд. «Мувофиқи вокунишҳои аввалин, ҳамаи ҷонибҳо ба зарурати таъсис додани чунин минтақаҳои бехавф розӣ ҳастанд, — гуфтааст яке аз мухолифони Сурия, роҳбари «Ҷабҳаи халқӣ барои ислоҳот ва озодӣ» Қадрӣ Ҷамил. «Мавҷуд будани минтақаҳои бехавф воқеан ҳам барои кам шудани хунрезӣ ва фароҳам овардани шароит барои оғози муколамаи сиёсӣ мусодат мекунад», — таъкид кардааст Қ.Ҷамил.
Намояндаи кумитаи миллии Сурия Маҳмуд ал-Ҳамза низ ба ин ташаббус бо назари нек муносибат доштани худро изҳор карда гуфтааст: «Ҳар як қадаме, ки баҳри кам шудани таҷовуз бардошта шудааст, бояд дастгирӣ карда шавад. Мардуми мо аз хунрезӣ хаста шуданд. Муҳим аст, ки кишварҳои нозири байналмилалӣ ба ин иктифо накунанд, балки корро то ба муколамаи сиёсӣ, ки ба манфиатҳои ҳамаи суриягиҳо, на танҳо низоми Башор Асад ҷавобгӯ бошад, бурда расонанд».
Ба андешаи роҳбари Маркази тадқиқоти арабӣ ва исломии Донишкадаи шарқшиносии АИ Россия Василий Кузнетсов, ин ташаббуси Россия шояд натиҷаҳои хуб ба бор орад, аммо якчанд монеаҳо низ вуҷуд доранд. «Зеро муносибати байнидавлатии ҳар се кишварҳои кафил хеле мураккаб ва тағйирёбандаанд. Ҷонибҳои даргир то ба кадом ҳадд, софдилона шартҳои Созишномаро риоя мекунанд, маълум нест. Ниҳоят мебояд, ки таъсис додани минтақаҳои бехавф ҳамзамон бо гуфтушунидҳои сиёсӣ сурат гиранд, зеро мавҷуд будани анклавҳои алоҳида таҳти ҳимояи неруҳои ҳарбии хориҷӣ ба сохти давлатдории Сурия таъсири манфӣ мерасонад», — изҳор намудааст В.Кузнетсов.

Май 5, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд