Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстиву иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазир аст

Май 2, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 02.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон вохӯрии кормандон бо иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон Исмат Мируллоев иштирокдоронро ба муносибати 72-солагии иди Ғалаба самимона табрик намуда, афзуд, ки Рӯзи Ғалабаи бузург рамзи ватандӯстиву иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазир буда, эҳсоси ватандӯстиро дар дили пиру ҷавон бедор месозад.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Хатлон Абдулвоҳид Шодиев изҳор дошт, ки маҳз якдиливу самимият ва дастгириҳои ҷумҳуриҳои бародар, сарсупурдагиву ҷоннисориҳои ватанхоҳон буд, ки ин ғалаба таъмин гардид.
Иштирокдорон аз рӯзҳои мудҳиши ҷанг ёдовар шуда, зикр карданд, ки ҷанг ҳама вақт оқибатҳои нохуш дошта, харобӣ ва қашшоқӣ меорад. Инчунин зикр карда шуд, ки поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бепоёни онҳо анъанаи нек ва сабақи пандомез барои наслҳои имрӯзу фардои миллат аст.

Май 2, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд