Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» оғоз мегардад

Май 22, 2017 17:03

ДУШАНБЕ, 22.05.2017 /АМИТ  «Ховар»/.    Дар  асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд, пагоҳ дар пойтахти кишвар  баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши ҷавонон  таҳти унвони «Мо насли истиқлолем!» пагоҳ дар Муассисаи давлатии   «Боғи Парчами  миллӣ»  доир мешавад.

Дар  ҳамоиш 6 ҳазор  нафар ҷавонони пойтахт  иштирок  намуда,  3 ҳазор нафари онҳо тавассути хиёбони Исмоили Сомонӣ ва 3 ҳазор нафари дигар аз самти кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур вориди   майдони   «Боғи Парчами  миллӣ» шуда, ба ҳам мепайванданд.

Дар қисмати фароғатии барнома  ҳунармандони  маъруфи ҷумҳурӣ  бо   иҷрои суруду таронаҳои   ватандӯстона   ба рӯҳияи идонаи ҳамоиш шукӯҳи тоза мебахшанд.

Ҳамчунин бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   соати  19:00  дар Варзишгоҳи марказии пойтахт шоу-барномаи фарҳангию фароғатӣ  баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз  соли 1997 ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 

 

Май 22, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад