Рамазон-ин моҳи муборак ва хайру саховат 27 май оғоз меёбад

Май 22, 2017 14:30

ДУШАНБЕ, 22.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Шӯрои уламо баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯро мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон, нисоби закот (нисоб- миқдори пулу моле, ки аз он ed-pillsss.com лозим аст) дар соли 2017, миқдори садақаи фитр дар моҳи шарифи Рамазон, миқдори фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ), тартиби гузаронидани хатми Қуръони карим дар масҷидҳо, тасдиқи тақвими Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ, матни табрикоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва масъалаҳои ҷориро баррасӣ намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳру ноҳияҳои мамлакат сухан карданд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам  Абдулқодирзода иброз дошт, ки «мувофиқи ҳисоби шаръӣ аз рӯи нархи тилло дар бозори маҳаллӣ нисоби закот дар соли 2017 22 ҳазору 950 сомонӣ муқаррар карда шуд, ки аз он 575 сомонӣ закот дода мешавад. Ҳамчунин тибқи карори қабулнамудаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз ба 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии моли бештар доранд) баробар аст. Фидяи савм  дар моҳи Рамазони соли 2017 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд, ки барои як рӯз 10 сомониро ташкил медиҳад».

Зикр гардид, ки моҳи шарифи Рамазон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 рӯзи шанбе, 27 май оғоз мегардад.

Тибқи тақвими тасдиқнамудаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон 30 рӯз мебошад.

 

Май 22, 2017 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад