Роҳбари гурӯҳи террористии «Боко ҳарам» дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ маҷрӯҳ карда шуд

Май 4, 2017 12:02

Хабарҳои мавзӯъ

Boka-haram-v-nigerii

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари гурӯҳи террористии «Боко ҳарам» Абубакар Шекау дар натиҷаи ҳамлаҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Нигерия дар қисмати шимолу шарқии ин кишвар маҷруҳ карда шудааст. Дар ин бора агентии AFP бо такя ба манбаъи худ аз хадамоти амнияти кишвари Нигерия иттилоъ додааст, — менависад «РИА Новости».
Тибқи маълумоти паҳншуда, зарбаҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар ноҳияи Дамбоа, иёлати Борно сурат гирифта, дар баробари роҳбари гурӯҳи террористии «Боко ҳарам» ҳамчунин муовин ва якчанд ҷанговари ӯ низ ҷароҳат бардоштанд.
Артиши Нигерия вобаста ба хабари мазкур то ҳоло изҳорот надодааст.
Хотиррасон бояд шуд, ки гурӯҳи террористии «Боко ҳарам» (тарҷумаи таҳтуллафзии он «Ғарб ҳаром аст») бо истифода аз номи ислом дар қисмати шимол ва шимолу шарқии Нигерия амал карда, ба ҳудуди кишварҳои Камерун ва Чад низ ҳамлаҳои хунин анҷом медиҳад.

Май 4, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд