Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардиданд

Май 16, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 26 майи соли 2017 дар байни кўдакони аз 1 то 9-сола маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшонро ба нақша гирифтааст.  Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мақсади  «Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии гардиш ва интиқоли вируси сурхча ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии аломати  гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи натиҷаи банақшагирии хурд дар давоми Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 969 ҳазору 124 нафар кўдакони аз 1 то 9-сола эм гузаронида мешаванд, ки барои ин 2 млн 164 ҳазору 500 адад вояи ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд. Ваксинаҳо  тавассути Шуъбаи таъминоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид барои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда шудаанд. Тамоми ваксинаҳое, ки тавассути низоми Созмони Милали Муттаҳид харидорӣ карда мешаванд, дорои сертификати сифати боварии комили Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд.

Мувофиқи фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омўзишӣ дар бораи банақшагирии эмгузаронии кўдакон ва муайян намудани талаботи ваксинаҳо дар байни кормандони алоқаманди соҳаи иммунопрофилактика ва омўзишҳо дар байни ваксинаторон барои Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд. Дар давоми маъракаи мазкур эмгузаронии кўдакони гурўҳи мақсаднок дар муассисаҳои тиббии ҷои зист, мактабҳо ва кўдакистонҳо гузаронида мешавад.

Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо барномаҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сурхчаю гулафшон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз ВАО, тақсим намудани китобчаҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, пахши роликҳо, барномаҳои телевизионӣ бахшида ба Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки бемории сурхча-ин бемории шадиди сироятшаванда буда, аслан хосиятҳои он баландшавии ҳарорати бадан, газаки роҳҳои нафас, газаки милкҳои чашм ва холҳои папулёзӣ дар бадан мебошанд. Бемории сурхча хеле хатарнок буда, метавонад ба фавт расонад.

Дар робита ба ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои иштироки фаъол дар  «Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даъват менамояд.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинони кишвар мерасонад, ки эмгузаронӣ комилан ройгон аст.

 

 

Май 16, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд