Сафорати Британияи Кабир: «Гуворост, ки манзараҳои зебо ва меҳмоннавозии самимии Тоҷикистон ҳарчи бештар сайёҳони бритониёиро ба худ ҷалб мекунад»

Май 6, 2017 13:39

ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ»Ховар»/. Ба Сафорати Британияи Кабир    мушоҳидаи манзараҳои зебо ва меҳмоннавозиҳои Тоҷикистон, ки ҳарчи бештар сайёҳони бритониёиро ба худ ҷалб мекунад, хеле гуворост.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд. Дар мақомоти   дипломатии хориҷии ин кишвар иброз доштанд, ки баъзе расонаҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ҳамчун «самти сареътарин рушди сайёҳӣ дар дунё» ва «беҳтарин ҷой барои пиёдагардӣ» ёд кардаанд. Дар Сафорати Британияи Кабир ҳамчунин хотиррасон намуданд: «Мо ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарикон оид ба рушд бо мақсади тавсеа ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон фаъолият хоҳем кард».

Ёдовар мешавем, ки дар баъзе хабарҳои пештар нашршудаи матбуот андешаҳо дар бораи он ки Тоҷикистон «ҷои хатарнок» барои тамошои сайёҳон ба ҳисоб меравад, баён мешуданд. Сафорати Британияи Кабир таъкид кардааст, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ ифодагари тавсияномаи Ҳукумати Британияи Кабир барои шаҳрвандони ин давлат, ки аз Тоҷикистон боздид карданианд, буда наметавонад.

Великобритания-2Мавриди зикр аст, ки зимни боздиди ҳайати намояндагони тоҷирону сайёҳони британиягӣ аз Тоҷикистон сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт чунин иброз дошт: «Мо афзоиши шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунем ва шодем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин дастовардҳо будубоши сайёҳонро дар Тоҷикистон осон намуда, имкон медиҳанд, ки бо ин кишвари зебо ва диққатрабо шинос шаванд. Мо иқдоми Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017, ки ба рушди минбаъдаи ин бахши муҳими иқтисодӣ мусоидат менамояд, дастгирӣ менамоем».

 

Май 6, 2017 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд