Сайҳун шаҳраки дӯстии сокинони тамоми вилояти Суғд мешавад: беш аз 500 нафар эҳтиёҷмандон соҳиби қитъаи замин гардиданд

Май 3, 2017 17:08

ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 500 нафар эҳтиёҷмандон дар шаҳраки Сайҳун соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардиданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин навбат эҳтиёҷмандони беҳдошти шароити зиндагӣ дар қисмати шимолу шарқии шаҳраки Сайҳун, ки дар шафати боғҳои навбунёд ҷойгир мебошад, соҳиби қитъаҳои замин гардиданд.
Бояд гуфт, ки бори охирин ба 700 нафар дар ин қисмати Сайҳун замин дода шуда, дар маҷмӯъ то имрӯз қариб ҳафт ҳазор нафар сокинон дар ин шаҳрак заминдор шудаанд. Дар қатори замингирифтагон 118 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 30 нафар бошандагони шаҳри Хуҷанд, 50 нафар аз Конибодом, 100 нафар аз Кӯҳистони Мастчоҳ, 35 нафар аз Панҷакент, 33 нафар аз ноҳияи Ашт ва боқимонда аз шаҳру навоҳии дигари вилоят мебошанд.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба бунёди шаҳраки нав хеле зиёд аст, зеро ин иқдом имкон медиҳад, ки масъалаи муҳим-таъмини аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ дар вилояти Суғд беҳтар гардад. То ин дам дар масоҳати 1154 гектар сохтмони шаҳраки нав идома дошта, бо ин мақсад дар қатори бунёди иншооти дигари хизматию иҷтимоӣ, барои сохтмони 1273 адад коттеҷҳои замонавии 2-3- ошёна замин ҷудо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ба бунёди шаҳраки Сайҳун оғоз намуда, тӯли дуюним сол корҳои обёрии ин мавзеъ дар ду марҳила амалӣ карда шуданд. Бо ин мақсад ду пойгоҳи нави обкашӣ сохта шуда, канал ва ҳавзҳои захираи об бунёд ёфтанд ва дар натиҷа ба масофаи 13,5 километр аз дарёи Сир ба дашти ташналаб об бароварда шуд ва қариб 1000 гектар боғҳои нав ташкил карда шуданд. Ба масофаи 7 километр роҳҳои марказии шаҳрак мумфарш гардида, 1,5 километр хати ташноб кофта шудааст ва шаҳраки нав бо хати барқу оби нӯшокӣ низ таъмин мебошад. Бояд гуфт, ки азхудкунии дашти ташналаби Сомғор имкон медиҳад масъалаи таъминоти манзил, бахусус дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳал шавад.
Зимни суҳбат дар ҳузури сокиноне, ки аз ин шаҳрак соҳиби замин шуданд, Раиси вилоят аз суст будани раванди сохтмони манзилҳои истиқоматӣ изҳори нигаронӣ кард. Зеро чунин муносибат ба ҷараёни сохтмони шаҳрак таъсири манфӣ хоҳад расонид. Аз ҷониби дигар, худи сокинон низ бояд дарк намоянд, ки тибқи муқаррароти кодекси замин, дар сурати ба таъхир андохтани муҳлати пешбинишуда, ки ду солро ташкил медиҳад, заминҳои додашуда аз шаҳрвандон гирифта шуда, ба ҳолати аввала баргардонида мешаванд. Дар ин замина, Раиси вилоят аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки худи ҳамин сол ба сохтмони хонаҳояшон оғоз кунанд.
Ҳамин тавр, дар асоси нақшаи кулл, шаҳраки Сайҳун аз 23 ноҳияҳои хурд иборат хоҳад шуд ва дар ҳар яки он баробари хонаҳои баландошёна, инчунин коттеҷҳои замонавии як-ду ошёна сохта мешаванд. Ҳар коттеҷ дар масоҳати 0,10 га бунёд гардида, барои ду оила пешбинӣ шудааст ва бояд барои се насли ҳар хонадон хизмат намояд. Тавсия дода шуд, ки сохтмони манзилҳо аз рӯи нақшаи кулл сурат гирифта, ба тарҳи зебою замонавии онҳо эътибор дода шавад, то ки бозгӯи маданияти баланди шаҳрдории тоҷикон бошанд. Зеро ба таъкиди Раиси вилоят, Сайҳун пеш аз ҳама шаҳраки ҳунармандон ва шаҳраки дӯстии сокинони тамоми шаҳру навоҳии вилоят мешавад. Аз ин лиҳоз, эътибор додан ба намуди зоҳирии биноҳои истиқоматӣ бозгӯи маданияти хонадории суғдиён хоҳад буд.
Тақсимоти замин тавассути қуръапартоӣ сурат гирифт. Барои осон намудани кори сокинон Раиси вилоят мутасаддиёни дахлдорро вазифадор намуд, ки масъалаи тайёр намудани парвандаҳои заминсозӣ ва сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро барои сокинони замингирифта давоми 1 моҳ ҳал намуда, бо нархи дастрас ба онҳо пешкаш намоянд. Ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкили боғҳои интенсивӣ доранд, аз ин мавзеъ дар ҳудуди 5 гектарӣ замин дода мешавад ва ҷиҳати пешгирии боғоти нав аз ҳашароти зараррасон ва пешгирии малах имсол бо дастури Раиси вилоят заҳрдоруҳо ба таври ройгон дастраси деҳқонон мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳраки Сайҳун барои 240 ҳазор аҳолӣ ё худ 40 ҳазор оила пешбинӣ шудааст.

Май 3, 2017 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад