Сарфароз Фаттоҳзода: «Ҷавононро сарҷамъиву муттаҳидӣ мебояд!»

Май 18, 2017 12:05

Хабарҳои мавзӯъ

Сарҷамъиву муттаҳидӣ мебояд

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода бо кормандони  филиали дар вилоят будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»   баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, мулоқот ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дар баробари таърихи пайдоиши ин рӯз ва дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  ҳамчунин вазъи риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», мубориза бар зидди коррупсия, пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва шомилшавии бархе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ гардиданд.

Сарфароз  Фаттоҳзода зикр намуд, ки изҳори норозигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни татбиқи  қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки ахиран дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати малакат садо дод, водор менамояд, ки дар ин самт чораҳои қатъӣ амалӣ карда шаванд.

Сарҷамъиву муттаҳидӣ мебояд (1)

Сарфароз Фаттоҳзода иброз дошт, ки вобаста ба ин Сарвари давлат таъмини қатъии талаботи қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. «Яке аз сабабҳои рӯи кор омадани лоиҳаи ин қонун  беназорат мондани наврасону ҷавонон ва ба ҷинояткорӣ даст задани онҳо буд. Солҳои охир дар қаламрави кишвар ноболиғон ва ҷавонон ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин содир мекунанд. Ин ҳолат ташвиши аҳли ҷомеаро ба бор овардааст»,-таъкид дошт С.Фаттоҳзода.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯзаро мебояд дар баробари омӯзиши илму ҳунар сарҷамъу муттаҳид бошанд.

 

Май 18, 2017 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи меморӣ ва сохтмон назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонДар Душанбе оид ба тақвият додани иқтидори миллӣ дар соҳаи хоҷагии манзили устувор ва рушди шаҳрҳо машварат доир гардид
Хукуки истеъмолкунандагонИстеъмолкунандагон мебояд аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя кунанд
Дурнамои бунёди боғ дар ноҳияи Сангвор 126,7 фоиз иҷро шудааст (1)Нақшаи бунёди боғ дар ноҳияи Сангвор 126,7 фоиз иҷро шудааст
Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонӣ аст (4)Шодӣ Солеҳҷонов: «Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонист»
Новый рисунокДар ноҳияи Рашт бо иштироки зиёда аз 8000 нафар ҷавонон Рӯзи ҷавонон пуршукӯҳ таҷлил шуд
Боздошти директори мактабДиректори мактаб бо гумони исрофи маблағҳои Фонди хайрия боздошт гардид
mmexport1494667588496(1)Филиали Ширкати «IRS» техникаву таҷҳизоти махсусгардонидашуда ворид менамояд
УкраинаТавсеаи гардиши молу маҳсулот бо Украина дар Душанбе баррасӣ шуд
эмгузарониДар вилояти Хатлон беш аз 700 ҳазор нафар кӯдакон эм карда мешаванд
????????????????????????????????????Алимурод Исломзода: «Оби нӯшокие, ки ба аҳолии Тоҷикистон расонида мешавад, арзонтарин об дар ҷаҳон мебошад»
вохурии коршиносон оид ба ИДМВохӯрии коршиносон оид ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ дар Душанбе
Сафорати АРАБИСТОН (6)Баимзорасии қарордод оид ба корҳои сохтмониву соҳилмустаҳкамкунӣ миёни Агентии беҳдошти замин ва Маркази имдоди Арабистони Саудӣ