Шӯрои амнияти СММ аз Кореяи Шимолӣ талаб кард, ки аз озмоишҳои ракетаҳо ва силоҳи ҳастаӣ даст кашад

Май 16, 2017 16:59

Хабарҳои мавзӯъ

ША СММ

ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои амнияти СММ сар додани ракетаҳои баллистикиро аз ҷониби Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (ҶХДК), ки 28 апрел ва 13 май сурат гирифтанд, маҳкум намуд ва аз Пхенян талаб кард, ки озмоиши ракетаҳои баллистикиро дигар баргузор накунад, — омадааст дар изҳороти Шӯрои амнияти СММ. Дар ин бора агентии «РИА Новости» иттилоъ медиҳад.

Озмоиши ракетаҳои баллистикӣ аз тарафи ҶХДК бори охир шаби 13 ба 14 май баргузор гардид ва рӯзи душанбе Кореяи шимолӣ дар бораи бомуваффақият сар додани ракетаҳои баллистикии масофаи миёна хабари расмӣ нашр кард. Ракетаи мазкур дар давоми 30 дақиқа 800 километр парвоз карда, дуртар аз минтақаи махсуси иқтисодии Япония дар баҳри Япон афтидааст. Ба ҶХДК бори аввал муяссар гардид, ки парвози ракетаи баллистикии худро ба баландии 2 ҳазор километр таъмин кунад.

Аъзои Шӯрои СММ изҳор карданд, ки ҳамаи чораҳои ба муқобили ҶХДК ҷоришударо татбиқ мекунанд. Ҳамчунин ҷиддан ва фавран пофишорӣ хоҳанд кард, то дигар кишварҳо низ тадбирҳои ба муқобили Кореяи шимолӣ ҷоришударо амалӣ кунанд.

Аъзои Шӯрои СММ ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ вазъро бо диққат пайгирӣ карда, чораҳои дигар, аз ҷумла таҳримҳои навро ба муқобили ҶХДК қабул мекунанд.

Шӯрои амният изҳор кардааст, ки «Ба ҶХДК зарур аст бо амалҳои воқеии худ ҷонибдории самимиашро аз сиёсати таъсиси минтақаи аз силоҳи ҳастаӣ озод» нишон диҳад ва дар самти паст кардани шиддат дар нимҷазираи Корея тадбирҳоро амалӣ кунад.

Шӯрои амнияти СММ ҳамчунин аз зарурати нигоҳ доштани сулҳ ва субот дар қисмати шимолу шарқии Осиё таъкид намуда, ҷонибдор будани худро ба ҳалли мушкилоти мавҷуда бо роҳи осоишта, дипломатӣ ва сиёсӣ изҳор кардааст.

 

 

Май 16, 2017 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд
ООН-1СММ аз ҷонибҳои даргир дар Афғонистон даъват кард, ки ба ҳалокати кӯдакон роҳ надиҳанд