«Шаҳри бостонии Миси Айнак» нашр шуд

Май 6, 2017 13:25

ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  «Шаҳри бостонии Миси Айнак»-таҳти чунин унвон  китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ аз чоп баромад.

Он маҳсули ковишҳои сесолаи (2012-2015) муаллиф дар бостоншаҳри Миси Айнаки Афғонистон мебошад. Дар ҳафриёти ин ёдгорӣ як ҳайати калони байналмилалии бостоншиносони Тоҷикистон, Афғонистон, Аврупо, Амрико ва баъзе кишварҳои  дигар иштирок доштанд. Д.Довудӣ дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони афғон се соҳаи бостониро ҳафриёт намуда, шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, раҳоишӣ, анборҳо, устохонаҳо, кӯчаву долонҳо, зарфҳои сафолӣ, асбобҳои ороишӣ, маснуоти биринҷӣ, ҳайкалчаҳои эзадони зардуштӣ, деворнигораҳо ва осори дигарро кашф ва таҳқиқ намуда, дар ин китоб дарҷ намудааст. Як боби китоб ба дайри буддоие бахшида шудааст, ки онро муаллиф кашф кардааст ва дар он як ҳовани сангии гулкоришуда ва боқимондаҳои 27 муҷассамаи гилии Буддо ва ёрону пайравони ӯро пайдо кардааст. Дар асоси таҳқиқи маъбади бузурги оташ дар Теппаи Шоҳи Миси Айнак, ибодатгоҳҳои хурди маҳаллавӣ ва ҳайкалчаҳои эзадон муаллиф исбот кардааст, ки дар ин шаҳри бостонӣ дар баробари дини буддоӣ дини зардуштӣ низ паҳн гашта буд. Муаллиф дар Кӯҳи Айнак 31 сумчи маъданканҳои қадимро кашф карда, исбот кардааст, ки сабаби асосии дар ин мавзеъ пайдо шудани шаҳр кони мис ва истихроҷи он буд. Ӯ ҳамроҳи Фаррух Сафоев, корманди калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  зиёда аз 5 ҳазор сиккаи кушонӣ, пайравонаи кушонӣ, сосонӣ, сосонӣ-кушонӣ ва яфталии дар Миси Айнак ёфтшударо таҳқиқ карда, дар асри I п.м. пайдо шудани шаҳр ва то миёнаи а. VII м. вуҷуд доштани онро исбот кардааст. Китоб намунаи барҷастаи ҳамкории бостоншиносони ду кишвари ҳамсояи ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад.

Май 6, 2017 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад