Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён: «Аморот ҳамкории бисёрҷонибаро бо Тоҷикистон густариш хоҳад дод»

Май 25, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 25.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  «Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории бисёрҷонибаро бо Тоҷикистон дар самтҳои муҳиму афзалиятнок тақвият ва густариш хоҳад дод»,- таъкид намуд имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён.

Ба гуфти Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён, зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои роҳҳо ва густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, амниятӣ, фарҳангӣ ва ҷавонон баррасӣ гардиданд.

«Мо  аз розигии Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар «ЭКСПО — 2020», ки дар Дубай баргузор мегардад, изҳори ташаккур намудем. Боварии комил дорам, ки «ЭКСПО-2020» на танҳо барои намоиши фарҳанги асили тоҷик, муаррифии таъриху тамаддун ва дастовардҳои илму техникаи Тоҷикистон, балки барои тақвияти ҳамкории дуҷониба шароити хуб фароҳам меорад»,- ибрози ақида намуд Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён.

«Амороти Муттаҳидаи Араб мавқеъгирии шадиди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мубориза бар зидди ғояҳои наматлуб, ба мисли терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ баланд арзёбӣ менамояд»,- гуфт Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён.

Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин натиҷаҳои Саммити бобарори сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ намуданд.

 

Май 25, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид