Шоми имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман оғоз меёбанд

Май 10, 2017 09:47

ДУШАНБЕ, 10.05.2017/АМИТ  «Ховар»/. Дирӯз, 9 май ҳайати расмӣ ва эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги ин кишвар Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада, нахуст аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз 9 то 13 майи соли равон доир гардида, дар ин рӯзҳо баргузории барномаҳои консертӣ, намоиши синамо ва мусаввараҳо дар назар дошта шудааст.

«Барои иштирок дар ин рӯзҳо, ки бо мақсади рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар баргузор мегарданд, ҳунарпешаҳои машҳури Ӯзбекистон, мисли Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Севинч Мӯминова ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси «Ӯзбекистон» ба Тоҷикистон омаданд»,- хабар доданд аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз, 10 май соати 11:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шарафи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Худи ҳамин рӯз соати 14:00 дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон  Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намоиши филми ҳунарии «Ота» (Падар) оғоз меёбад.

Шоми 10 май соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад. Меҳмонони рӯзҳои фарҳангӣ қабл аз оғози он метавонанд аз намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии «Ӯзбекистони муосир», ки  дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта мешавад, баҳра бардоранд.

11 майи соли 2017 сафари иштирокчиён ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст. Дар ин рӯз барномаи консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа манзур мегардад.

Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо мешавад.

 

 

Май 10, 2017 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад