Сохтмони майдончаи варзишию солимгардонӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад

Май 3, 2017 17:06

ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ Ховар/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони пойтахт, ки 15 феврали соли 2017 доир гардида буд, дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдонҳои варзишию солимгардонӣ барои бозии кӯдакону наврасон вусъат меёбанд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва соҳибкорони ватанӣ то охири соли равон дар қаламрави пойтахт иловатан 78 адад майдончаҳои муосири варзишию солимгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони соҳибтаҷрибаи бахши сохтмон ва меъморӣ идома доранд.

Аз ҷумла, дар майдончаи варзишию солимгардонии кӯчаи Муродулло Шерализода, шаҳраки №11-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 70% -и корҳои бунёдӣ ба итмом расонида шудаанд.
Иншооти мазкур аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди биноҳои истиқоматии 14 ва 16-и маҳаллаи мазкур бунёд гардида, лоиҳаи онро кормандони КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ намудаанд, ки дар асоси он корҳои сохтмонӣ бовусъат идома доранд.
Ин иншоот аз майдончаҳои гуногун барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдони солимгардонӣ барои кӯдакону наврасон иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи лоиҳа бунёди 60 ҷойи нишаст дар атрофи мавзеъҳои истироҳатӣ ва 60 ҷойи дигар дар майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Масоҳати умумии майдончаи варзишию солимгардонӣ 3675 метри мураббаъро ташкил дода, атрофи он пурра сабзкорӣ гардидааст.
Дар майдончаи мазкур шинонидани дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ оғоз гардида, дар ин қисмат насбу васли хатҳои обёрӣ пурра ба анҷом расидааст.
Сохтмончиён талош доранд дар кӯтоҳтарин муҳлат корҳои сохтмониро ба анҷом расонида, майдончаро ба истифода диҳанд.

Рухсораи НУР

Май 3, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд