Сокинони бародаршаҳри Боулдер ба душанбегиҳо беш аз 1300 нусха адабиёти илмиву бадеӣ тақдим намуданд

Май 19, 2017 12:05

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маросими тақдими адабиёти илмӣ-бадеӣ аз ҷониби шаҳри Боулдери аёлати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар маросим Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард   иштирокдорони ҷамъомадро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки наврасону ҷавонони  ин кишвар ба хонишу китоб  майлу рағбати зиёд доранд ва  дар  ин рӯз тақдими  китобро  ба онҳо  беҳтарин ҳадя шуморид.

Номбурда ҳамчунин бо забони тоҷикӣ  ин дубайтии шоири адабиёти классикии  тоҷику форс  Абдураҳмони Ҷомиро қироат намуд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…

Хонум Элизабет Миллард   зикр  кард, ки ин байт бори дигар шаҳодати он аст, ки  мардуми тоҷик аз  қадим китобхону китобдӯст будаанд, аз ин рӯ ӯ ба ин мардум эҳтироми хосса дорад.

Элизабет Миллард ҳамчунин бо забони тоҷикӣ  ин  байти Ҳофизи Шерозӣ:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад,

ро  ёдовар шуда,  зикр кард, ки   дар зарфи 25 соли ҳамкорӣ байни   ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон   муносибатҳои  мутақобилаи судманд дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фаннӣ ва фарҳангӣ  тавсеа ёфтаанд.

DSC_0348+

Сипас  Элизабет Миллард   номаи бошандагони шаҳри Боулдерро ба  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода тақдим намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Хонандагону донишҷӯён, намояндагони Маркази дӯстӣ ва  Чойхонаи миллии тоҷикӣ  дар шаҳри Боулдер   ба наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  пайғому дуруди бепоёни худро  расонида, ҳамчун рамзи дӯстӣ ин китобҳоро ба Шумо   ҳадя менамоянд».

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба  Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард   аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва шаҳри Боулдери аёлати Колорадои  Амрико ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта ба роҳ монда шуда,   8 майи соли 1987  миёни  онҳо Созишнома ва паймони бародаршаҳрӣ   баста шудааст.  Инчунин 10 октябри соли 1988  Протокол дар бораи ҳамкории байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер барои солҳои 1989-1990 ба тасвиб расида буд, ки дар асоси он ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фаннӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар доираи ин санадҳо шаҳрдории Душанбе дар шаҳри Боулдер Чойхонаи миллии тоҷикӣ ва   шаҳрдории Боулдер дар Душанбе «Маркази Дӯстӣ — Интернет-кафе»-ро бунёд карданд.

Муносибатҳои байни Душанбе ва Боулдер дар замони соҳибистиқлолии кишварамон самту уфуқҳои навро касб намуданд. Маросими имрӯзаро намунаи барҷастаи ҳамкорӣ ва дӯстии дуҷониба метавон  маънидод сохт. Сокинони бародаршаҳри Боулдер барои душанбегиҳо беш аз як 1300  нусха  адабиёти илмиву бадеӣ тақдим намуданд.

Абдумаҷид Ҳакимзода, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе зикр намуд, ки  қарор дода шуд адабиёти  зикршуда ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази «Дўстӣ»- Интернет- кафе» ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 50, 59, 92, 94 (ноҳияи Сино), № 15 ва 55 (ноҳияи Шоҳмансур), № 6 ва 13 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва №72 ва 78 (ноҳияи Фирдавсӣ)  тақдим карда шаванд.

                                                                                                      Рухсораи НУР

 

Май 19, 2017 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд