Сокинони деҳаи Ғудараи ноҳияи Рӯшон пурра бо оби ошомиданӣ таъмин гаштанд

Май 4, 2017 17:28

РӮШОН, 04.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Сокинони деҳаи Ғудараи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки бар асари зилзилаи фасли тобистони соли гузашта аз хонаҳои истиқоматии худ маҳрум шуданд, на танҳо бо манзилҳои замонавӣ таъмин гаштанд, балки ба оби пок низ дастрасӣ пайдо намуданд. Зеро аз рӯзи кӯчбандӣ ба ин деҳа онҳо аз оби дарёи  кӯҳӣ истифода мебурданд, ки дар рӯзҳои обхезӣ комилан лойолуд мегардид. Барои раҳоӣ аз ин мушкилот ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон бо ҷудо кардани қариб 250 ҳазор сомонӣ дар масофаи зиёда аз се километр қубури обгузарро васл намуда, ба ин деҳа оби тоза оварданд. Акнун сокинони деҳа  дар пеши хонаашон аз оби софи чашма баҳра мебаранд.

Яке аз сокинони деҳа Бекмурод Ақназаров бо изҳори миннатдорӣ аз ҳукумати кишвар гуфт, ки «об ободонӣ аст ва бидуни об на инсон зиндагӣ карда метавонад ва на мавҷудоти дигари табиат. Мо имрӯз хеле хушҳол ҳастем, ки ҳамаи сокинони деҳа аз оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар гузашта бо як азобу машаққат ба сари шохобҳои кӯҳӣ рафта, қариб як соат вақти худро масраф мекардем. Ҳоло ин мушкили мо комилан осон шуд».

Ёдовар мешавем, ки як соли пеш дар натиҷаи зилзила қариб 80 манзили сокинони ин деҳа хароб гардид ва ҳукумати кишвар онҳоро ба маркази ноҳияи Рӯшон кӯчонид. Пас аз бунёди хонаҳои замонавӣ ва дигар иншооти ёрирасон онҳо дубора ба деҳаи худ баргаштанд.

Май 4, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд