«Сомон Эйр» дубора соҳиби сертификати IOSA гашт

Май 5, 2017 15:55

ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дубора соҳиби сертификати IOSA-и Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (International Air Transport Association, IATA) гашт.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ин ширкат хабар доданд, барои ноил шудан ба ин дастовард, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» якҷоя бо нозирон оид ба бехатарии IATA зиёда аз 700 самти бехатариро тафтиш карданд. Соли ҷорӣ IATA стандартҳоро, ки барои тафтиши ширкатҳои ҳавопаймоӣ истифода мебаранд, бо ворид кардани шакли «беҳтаршуда»-и худ нисбатан мушкилтар кард.
«Сомон Эйр» ягона ширкати ҳавопаймоӣ дар миқёси Тоҷикистон мебошад, ки дорои сертификати IOSA гаштааст. Сертификати IOSA бо роҳи гузаронидани аудит, дар ду сол як маротиба нав карда мешавад. Бояд гуфт, ки директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам II аз Директори генералии IАТА Александр де Юниак даъватномаи махсус барои иштирок дар ҷаласаи умумии солона (AGM) гирифтааст.
Интизор меравад, ки узвияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба IATA зимни ин мулоқот ба тасвиб расад ва ин дастоварди назарраси ширкати ҳавопаймоӣ ва марҳилаи навбатӣ барои эътирофи байналмилалии «Сомон Эйр» хоҳад гашт.
Дар айни ҳол «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Май 5, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд